Юсуф Абдусаламов пас аз ду моҳи фаъолият дар маснади сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон истеъфо дод ва дар мусоҳибае бо “Wrestdag” перомуни сабабҳои ин тасмимаш ибрози назар кард.

Ин мураббӣ омили аслии аз вазифа даст кашидани худро ба “набудани шароити ташкиливу молӣ” рабт дода, гуфтааст, “дар варзиш ҳеҷ чизи майда-чуйда нест, ҳамаи ин ба натиҷа таъсир мерасонад”.

Ӯ гуфтааст, “замоне, ки варзишгар будам ва дар ҳайати Тоҷикистон бозӣ мекардам, бо ҳама мушкилиҳои марбут ба масъалаҳои ташкилӣ ва молӣ, ки дар гӯштини тоҷикӣ вуҷуд дошт, рӯбарӯ будам. Ман чӣ кор карданро медонистам. Ягона ангеза барои ман гирифтани медали олимпӣ барои ин кишвар буд”.

“Аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ман занг заданд ва итминон доданд, ки ин дафъа ҳама чиз воқеан ҷиддӣ хоҳад буд, зеро дар сатҳи давлатӣ ба рушди чаҳор намуди асосии варзиш: ҷудо, бокс, теквондо ва гӯштӣ таваҷҷӯҳ доранд. Ҳадафи аслӣ муваффақият дар бозиҳои олимпӣ аст”, - нақл кардааст Абдусаломов.

Юсуф Абдусаломов гуфтааст, “ба масъулин ҳамагӣ ду саволи кушод доштам - ин тақвими омодагӣ ва ҳадди ақали буҷетест, ки барои омодагии даста ҷудо кардан мумкин аст”.

Дар посух ба ин роҳбарияти федератсия ӯро ба гуфтушунид даъват кардааст, то ҳама чизро дар ҳузураш баррасӣ кунанд. Ӯ гуфтааст, “ба ман имкон диҳед, ки бачаҳоро бубинам ва ниҳоят ҷои худро муайян кунам”.

Ин мураббӣ гуфтааст, “мушкилоти маблағгузориро дар Тоҷикистон комилан дарк мекунам ва инро ба назар гирифта, тақвим тартиб додам: парвозҳои дастаро то ҳадди имкон кам кардам, ҷамъомади таълимиро тавре тартиб додам, ки шумораи минималии аъзоёни даста барои будубоши онҳо маблағи зарурӣ дошта бошад”.

“Пас аз чемпионати Тоҷикистон шаш нафареро муайян намудам, ки воқеан қодир ба натиҷагирӣ ҳастанд ва барои тамрини онҳо маблағ хоста будам. Ман итминон додам, ки ҳама чиз хуб мешавад ва ҳеҷ чизи ташвишовар нест”, - иброз доштааст Абдусаломов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ бо нигаронӣ гуфтааст, “ҳамин ки ман аз Тоҷикистон берун шудам ва ба аввалин ҷамъомади таълимии пешбинишуда дар Хасавюрт расидам, хабар ёфтам, ки бачаҳои интихобнамудаи ман минбаъд мустақилона, аз ҳисоби худ тамрин хоҳанд кард ва иштироки онҳо дар мусобиқаҳо аз ҳисоби худашон хоҳад буд”.

“Аммо ба ман “тавсия” доданд, ки ба Точикистон омада, бо наврасон ва ду-се гуштингирони боқимондаи дастаи калонсолон тамринро идома диҳам”, - афзудааст номбурда.

Юсуф Абдусаломов дақиқан нагуфтааст, ки сабаби истеъфояш чӣ буд, вале чунин натиҷагирӣ кардааст: “Баъд аз ин, барои бевосита кор кардан қуввае боқӣ намемонад”.

Ӯ ҳамзамон ба чӣ ишора кардани худро дақиқтар нагуфта, аммо афзудааст, ки “таҷрибаи ман нишон дод, ки дар варзиши калон ҳеҷ чизи майда-чуйда нест, ҳамаи ин ба натиҷа таъсир мерасонад. Аммо ба ҳар ҳол, ба федератсия, варзишгарон ва мураббиёни Тоҷикистон, агар лозим шавад, ҳамеша кумак мекардам ва кумак мекунам”.

Қаблан, ноиби президенти Федератсияи гуштии Тоҷикистон Насим Юсуфзода ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “Юсуф Абдусаламов, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии озоди Тоҷикистон, бар хилофи овозаҳо, аз даста нарафтааст ва бо шогирдонаш фаъолияташро идома медиҳад”.

Ба қавли Насим Юсуфзода, сармурабии тими миллӣ мушкилоти хонаводагӣ дошт.

“Дар ҳоли ҳозир ӯ ва аҳли оилааш маслиҳат доранд, ки корро дар Тоҷикистон идома медиҳад ё ба таври фосилавӣ”, - гуфта буд Насим Юсуфзода.

Пас аз мусоҳибаи Юсуф Абдусаломов, касе аз Федератсияи гуштии Тоҷикистон иддаои сармураббии дастаро то ҳол шарҳ надодааст.

Бояд гуфт, рӯзи 2-юми феврали сори равон дар шаҳри Душанбе байни Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ва Юсуф Абдусаломов созишномаи корӣ ба имзо расида, ӯ ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба гӯштини озод таъйин шуда буд.

Маврид ба зикр аст, ки паҳлавони маъруф дар гузашта, барандаи медали нуқраи олимпӣ дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон буд ва ҳоло мураббӣ ва омӯзгори семинарҳои мураббии UWW аст.

Ёдовар мешавем, ки Юсуф Абдусаломов зодаи Доғистон буда, аз соли 2003 то 2013 узви дастаи гуштии озоди Тоҷикистон буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.