Дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки чанде пеш анҷом ёфтанд, муштзан Меҳроҷ Сӯфиҷонов дар вазни то 48 кг ягона медали тиллоро барои Тоҷикистон ба даст овард.

Дар мусобиқиаи муштзанӣ (бокс) дар вазни то 48 кг Меҳроҷ Сӯфиҷонов бар варзишгари Қирғизистон Зафарбек Комилов дастболо шуд.

Дар Бозиҳои II ИДМ, ки аз 4 то 14 август дар Беларус (Минск) доир гардиданд, варзишгарони Тоҷикистон ба дарёфти 13 медал - 1 тилло, 3 нуқра ва 9 медали биринҷӣ шарафёб шуданд.

Муштзанони тоҷик аз ҳама бештар - 7 медал гирифта, 2 медалро гӯштингирон, 2-тоашро - ҷудокорон ва 1 медалро самбочиён ба даст оварданд.  

Ба медалҳои нуқра Лоиқ Қутбиддинов (ҷудо, вазни то 55 кг), Убайди Деваштич (самбо, то 79 кг) ва Анӯшервон  Фозилов (бокс, то 51 кг) соҳиб шуданд.

Медалҳои бириниҷии Бозиҳоро боксчиён Ҳангома Исоева (то 57 кг), Бузургмеҳр Иксанов (то 54 кг),  Рустамҷон Ашӯров (то 67 кг), Акмалҷон Абдувалиев (то 86 кг), Руслан Федорин (то 92 кг), намояндагони гӯштини тарзи озод Мустафо Аҳмадов (то 70 кг), Сомонҷон Икромов (то 79 кг), гӯштингири тарзи юнониву румӣ Асламҷон Азизов (то 60 кг) ҷудокор байни занон Мадина Қурбонзода (то 48 кг). дарёфт карданд.

Дар ҳисоби умумидаставӣ аз рӯи касби медалҳо байни 22 кишвари иштирокичии Бозиҳо мунтахаби Тоҷикистон зинаи 8-умро ишғол кард.

Дар Минск рӯзи душанбе маросими ба охир расидани Бозиҳои II ИДМ баргузор шуд. Дар ҷараёни он парҷами рамзии бозиҳо аз пояи он поин оварда шуда, он ба намояндаи Озарбойҷон супурда шуд. Бозиҳои минбаъдаи ИДМ соли 2025 дар Озарбойҷон баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.