Темур Раҳимов имрӯз дар Бозиҳои Осиёии Ҳенжоу - 2022 аз намуди гӯштини ҷудо соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин хусус АМИТ “Ховар” хабар медиҳад.
Ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар даври ниҳоии Бозиҳои Осиёии Ҳенжоу-2022 дар вазни +100 кг бо Магомедумар Магомедумаров аз Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат намуда, соҳиби медали нуқра гардид.
Ӯ дар даври нимниҳоии мусобиқа ба муқобили Ким Минйонг аз Кореяи Ҷанубӣ бо имтиёзи вазарӣ пирӯз шуда, ба финал баромада буд.
Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин нишони тими Тоҷикистон дар ин мусобиқот аст.
Дирӯз Самон Маҳмадбеков, ҷудокори номдори тоҷик дар вазни то 81 кг дар даври ниҳоӣ бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷу Хван бо як “вазарӣ” пирӯз шуд ва барандаи медали тиллои Бозиҳои осиёӣ гардида буд.
Ҷудокори дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода низ дар ин бозиҳо медали худро ба даст овард. Дар вазни то 73 кг Беҳрӯз дар мубориза барои биринҷӣ бар варзишгари чинӣ Кингдаг пирӯз шуд.
Бозиҳои XIX осиёӣ рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Ханчжоу оғоз шуда, то 8-уми октябр дар панҷ шаҳри дигари Чин баргузор мешавад.
Дар ин бозиҳо ҳудуди 12,5 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро ҳудуди 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Онҳо аз 40 намуд бозиҳои элоншуда дар 18 намуди он иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи варзиши киберспорт ва брейк-данс барои нахустин бор муаррифӣ мешаванд.
Тоҷикистон аз соли 1994 дар ҳафт Бозиҳои осиёӣ ширкат карда, 28 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш тилло аст.
Ҷоизаи олии Бозиҳои осиёиро варзишгари сабук Дилшод Назаров дар гурзандозӣ се бор - солҳои 2006, 2010 ва 2014 ба даст оварда, муштзан Ҷаҳон Қурбонов соли 2006 дар Қатар як медали тилло ба даст оварда буд.
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Ба варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур медали тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, медали нуқра 100 000 сомонӣ ва медали биринҷӣ 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе ба гирандагони медали тилло хонаи 3 ҳуҷрадор, медали нуқра 2 ҳуҷрадор ва медали биринҷӣ хонаи 1 ҳуҷрадор ваъда кардааст.
Дар Тоҷикистон ҷазо барои ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғон сахттар шуд
Амруллоҳ Солеҳ: “Толибон - як бомби соатӣ, ки рӯзе метаркад”
Русия ба Тоҷикистон боз омӯзгор мефиристад. Ин хабар хашми вакили Думаи давлатии Русияро барангехт
Фаррух Ҳасанов, ғолиби озмуни “Ну-ка, все вместе!" ба ватан баргашт
Оё ҳуқуқҳои мард ва зан дар дини Ислом баробаранд?
Завқибек Саидаминӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода зодрӯзи худро паси панҷара мегузаронанд
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мешавад. Хидмати ҳарбии пулакӣ ва сиёҳ кардани шишаи мошин ҳам қимат мешавад
Дар Бохтар бори аввал автобусҳо ба кор оғоз карданд
Оташбас миёни Исроил ва гуруҳи Ҳамос тамдид гардид
Гуруҳҳои даҳшатафкан, талаби таомул бо Толибон ва хатари дастрасии ин гурӯҳ ба яроқи ҳастаӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста