Сомон Турсунзода, варзишгари навраси тоҷик дар Чемпионати ҷаҳонии касбии ҷиу-ҷитсу дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб сазовори медали тилло гардидааст, -хабар медиҳад АМИТ «Ховар» .
Сомон дар ин мусобиқа дар вазни 27 кг баромад намуда, баъди мағлуб кардани ҳамаи рақибонаш мақоми аввалро сазовор шуд.
Ӯ то рафтан ба марҳилаи ниҳоӣ бар варзишгари мизбон Султон Аҳмад Султон ғалаба ба даст оварда, сипас варзишгари Қазоқистон Султан Байсенро мағлуб карда, унвони чемпиони ҷаҳонро дар намуди ҷиу-ҷитсу соҳиб шуд.
Хотиррасон менамоем, ки як моҳ пеш Сомон Турсунзода дар мусобиқаи «Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023» дар шаҳри Шанхайи Чин рақиби худро аз кишвари мизбон мағлуб карда, соҳиби медали тилло гардида буд.
Мусобиқа дар ду намуд, аз ҷумла ҷудо ва ҷиу-ҷитсу — грэпплинг баргузор шуд, ки дар он варзишгари навраси тоҷик дар вазни то 30кг ҳунарнамоӣ намуда буд.




Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кумитаи рушди сайёҳӣ мегӯяд, дар намоишгоҳи "ITB Berlin 2026" зиёда аз 20 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст
“Сомон Эйр” парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе барқарор мекунад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 42
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста