Бозии даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар гуруҳи “Е” миёни бошгоҳҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон) ва “Персеполис” (Эрон) бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Бозии мазкур дирӯз, 7-уми ноябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуд.
Футболбозони дастаи “Персеполис”-и Эрон бозиро хуб оғоз карданд ва дар дақиқаи 30-юм ба шарофати голи Маҳдии Торобӣ пешсаф шуданд.
Дар нимаи дуюми бозӣ “Истиқлол” идораи бозиро ба даст гирифт ва дар дақиқаи 74-ум легионери ивуарии даста Сенин Себай ҳисобро баробар кард.
Баъди ин соҳибони майдон барои ғалаба ҳанӯз имконият доштанд, вале дарвозабони меҳмонон бозии хуб нишон дод. Зимнан, маҳз ӯ беҳтарин бозигари вохӯрӣ гардид.
Баъди ин бозӣ “Истиқлол” бо ду имтиёз дар ҷои сеюм аст.
Пешсафони гурӯҳ “Ан-Наср” дар меҳмонӣ бар “Ад-Дуҳайл” бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, ба даври баъдӣ роҳ ёфт.
Ҳамдастагони Криштиану Роналду дар 4 вохӯрӣ 12 имтиёз ба даст овардаанд.
Дар ҷои дуюм “Персеполис”, ки 7 имтиёз дорад ва дар зинаи охирин “Ад-Дуҳайл”-и Қатар бо 1 имтиёз қарор доранд.
Имкони “Истиқлол” барои ба марҳилаи интихобӣ баромадан кам аст, барои ин душанбегиҳо бояд 27-уми ноябр дар меҳмонӣ бар “Ад-Дуҳайл” ва баъдан 7-уми декабр дар майдони худ бар “Ан-Наср” пирӯз шаванд.
Бале, ва Персеполис бояд ҳадди аққал яке аз ду бозии боқимондаро бозад.