Тими миллии футболи Тоҷикистон дастаи мунтахаби Покистонро дар доираи марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2026 бо ҳисоби бузурги 6 – 1 мағлуб карда, соҳиби се хол ва муваққатан, то анҷоми бозии дигари гуруҳ, садрнишини гуруҳи “G” шуд.
Бозӣ имрӯз, 21-уми ноябр, дар варзишгоҳи “Ҷадда”-и Исломобод, пойтахти Покистон баргузор шуд.
Голҳои тими миллии Тоҷикистонро Амадонӣ Камолов дар дақиқаҳои 9 ва 65, Рустам Соиров дар дақиқаи 14, Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 26, Эҳсони Панҷшанбе дар дақиқаи 45 ва Шаҳром Самиев дар дақиқаи 90+1 ба самар расониданд.
Ягона голи тими миллии Покистонро Рахис Набӣ дар дақиқаи 21 ба самар расонид.
Ба ин тартиб, тими миллии Тоҷикистон бо касби 4 хол садрнишини гуруҳи “G” шуд. Аммо дастаҳои Арабистони Саудӣ ва Урдун, ки низ ба ин гуруҳ шомиланд, бозии худро баргузор накардаанд.
Ин бозӣ шоми имрӯз дар Урдун баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бозии нахустини худро дар марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 дар гуруҳи “G” дар Душанбе муқобили дастаи Урдун баргузор ва бо ҳисоби 1-1 мусовӣ кард.
Арабистони Саудӣ ва Покистон дар Ар-Риёз бозӣ карданд. Арабистони Саудӣ дар ин бозӣ бо ҳисоби калони 4-0 ғалаба кард.
Айни ҳол Тоҷикистон 4 хол, Арабистони Саудӣ 3 хол (як бозӣ кам баргузор кардааст), Урдун 1 хол (як бозӣ кам баргузор кардааст) доранд. Покистон ҳар ду бозии худро бохт ва бидуни хол дар гуруҳ мақоми охирро ишғол мекунад.
Бозии навбатии Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ дар меҳмонӣ 21-уми марти соли оянда баргузор мешавад.
Урбун бошад 26-уми марти соли 2024 тими Покистонро қабул мекунад.
Як ҳайат аз Афғонистон барои ширкат дар нишасти “CASA-1000” ба Тоҷикистон омадааст
Дар бозии ситораҳои футболи Тоҷикистону Русия киҳо ширкат мекунанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Оташи ҷонсӯз” қисми 1
Мақомот аз гармои шадид ва омадани чангу ғубор дар чанд рӯзи оянда ҳушдор медиҳанд
Нахустнамоиши филми “Хоби сурх” кай ва дар куҷо доир мегардад?
Ҳарифи нави Муҳаммад Наимов дар мусобиқаи UFC Baku маълум шуд
Воситаҳои пардохт дар Тоҷикистон ҳоло ҳам асосан барои гирифтани пули нақд истифода мешаванд
Давраи таътили мактабхонҳои Тоҷикистон маълум шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2025
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста