Фурӯши чипта барои бозии дастаҳои футболи “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ оғоз шуд: нархи он аз 100 сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, фурӯши чиптаҳо дар назди даромадгоҳи варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сар аз имрӯз, 27-уми ноябр, ба роҳ монда шуд.
“Чиптаҳои ин бозӣ дар се категория пешкаш карда мешаванд. Нархи чипта барои категорияи якум минбари асосӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) 300 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Чиптаи VIP (барои меҳмонони хос) 3000 сомонӣ нархгузорӣ шудааст”, - менависад ФФТ.
Бояд гуфт, ки нархи чипта ба бозиҳои дигаре, ки то ин замон дастаи “Истиқлол” дар доираи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё баргузор кардааст, 20 сомонӣ муқаррар шуда буд.

Талошҳои мо барои гирифтани назари масъулин дар мавриди нархи гарони чиптаи ин бозӣ бенатиҷа анҷомид ва ба тамосҳои мо дар бошгоҳи “Истиқлол” касе ҷавоб надод.
Аммо ба эҳтимоли зиёд нархи гарони чипта барои бозии дастаҳои “Истиқлол” ва “Ан-Наср” ба ташрифи ситораи футболи ҷаҳон Криштиану Роналду бастагӣ дорад. Ӯ сардори дастаи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии даври шашуми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023-2024 миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ рӯзи 5-уми декабр дар Душанбе баргузор мегардад. Оғози бозӣ соати 21:00 аст.
“Танҳо машварат ройгон, ташхис не!” Маъракаи ташхису муоинаи ройгони тиббӣ чӣ гуна гузашт?
Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки меъёри фоизи қарзҳои бонкӣ кам карда шавад. Онҳо бояд чӣ гуна бошанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 апрели соли 2025
Маъракаи даъват ба хидмат оғоз шуд. Ба муҳимтарин саволҳо оид ба даъвати ҳарбӣ посух дарёфтем
Аз “Мактаби кӯҳна”-ву “Қиссаҳои айёми таътил” то “Ҷонам фидои яхмос”. Адабиёти муосири бачагонаи тоҷик дар кӯлбори худ чӣ дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 апрели соли 2025
“Чунин ҷашни зеборо дер боз интизор будем”. Гузориш аз Наврӯзи Хуҷанд, ки дар он ҳама аз дӯстӣ мегуфтанд
Борони пуршиддат меборад. Ҳушдори КҲФ аз хатари омадани сел ва тармафароӣ
Қурби доллар дар Тоҷикистон ба поинравӣ оғоз кард
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба бозорҳои Аврупоро густариш медиҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста