Имрӯз, 9-уми январ, дар синни 66-солагӣ Носир Хусравов, устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, паҳлавони бисёркаратаи гӯштини самбову ҷудо, гӯштини миллӣ падари қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Хушқадам Хусравов даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд хабар дод.
“Носир Хусравов умре дар хидмати миллату ватан буд. Шогирдони зиёдеро ба камол расонида, ба ҳайси директори мактаби варзишии ноҳияи Ванҷ, сармураббии тими мунтахаби самбои ВМКБ, муовини аввали сарвари мактаби варзишии ВМКБ фаъолияти пурсамар дошт... То охири умраш фарзандону шогирдони худро тарбия карда, ба камол расонд”, - зикр кард Х.Маҳмуд.
Маросими ҷанозаи марҳум баъд аз зӯҳри имрӯз дар масҷиди “Аминҷон”, дар маҳаллаи 61-уми шаҳри Душанбе, баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки Носир Хусравов 28-уми майи соли 1958 дар деҳаи Мурғутгаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ ба дунё омадааст. Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистонро хатм кардааст.
Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба хонавода ва наздикони Носир Хусравов изҳори ҳамдардӣ мекунад.
Акнун соҳибони скутерҳо ҳам бояд рақами давлатӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирӣ гиранд
“Пас аз мову ту ҳам олам чуноне буд, мемонад...” Ёде аз Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҳусейн Насриддинов
Меъёрҳои ҷойгиркуниии маълумот дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия тасдиқ шуд
Тоҷикистон бо манзараҳои беҳтарини табиӣ дар Осиё соҳиби ҷоиза гардид
“Ташнаи коргар”: Дар Русия эҳтиёҷ ба қувваи корӣ зиёд мешавад
Дар Исфара ва Хоруғ нерӯгоҳи барқи офтобӣ месозанд
Даъвати Хадамоти алоқа: Меҳмононро бо интернети суръаташ на кам аз 100 мбит/с таъмин кунед!
Қатъи фаъолияти маркази дилхушии “Париж” ва оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати роҳбараш
Барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд. Чӣ бояд кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “ Машварат бо душмани хирадманд"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста