Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ҷамъомади омӯзишу тамринро дар Абу-Даби ба охир расонида, барои иштирок дар даври финалии Ҷоми футболи Осиё-2023 ба Давҳа раҳсипор шуд.
Дар Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи “А” шомил аст. Ҳарифони Тоҷикистон тимҳои Қатар, Лубнон ва Чин мебошанд. Дар бозии даври аввали гурӯҳ рӯзи 13 январ футболбозони тоҷик бо дастаи Чин рақобат мекунанд.
Дар даври дуюми гурӯҳӣ дастаи Петр Сегрт рӯзи 17 январ бо мизбонони мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 - мунтахаби Қатар вохӯрда, дар даври охири мусобиқаи гурӯҳӣ рӯзи 22 январ бо тими Лубнон бозӣ мекунад.
Ба даври 1/8 финалӣ ду дастаи аввали гурӯҳҳо ва ҳамчунин чор тими беҳтарини зинаҳои сеюми гурӯҳҳо роҳ меёбанд.
Дар мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023, ки имрӯз оғоз мегардад, 24 даста иштирок мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар ин мусобиқа ширкат меварзад. Қаҳрамони амалкунандаи футболи Осиё мунтахаби Қатар мебошад.
Дар нахустин иштироки худ дар ин мусобиқа Тоҷикистон ба чӣ умед баста метавонаду чӣ гуна имкониятҳо дорад? Кадом натиҷа беҳтарин шуморида мешавад? Ба ин саволҳои “Азия-Плюс” коршиносони соҳа посух доданд.
«Гурӯҳи футболбозони мо душвор аст»
Мутахассиси маъруфи тоҷик, собиқ сармурабии мунтахаби футзали ҷумҳурӣ ва собиқ бозингари дастаи “Помир” Дамир Камалетдинов ба бозии хуби тими Петр Сегрт дар Қатар умедвор аст.
«Ҷоми Осиё - мусобиқаи муҳимтарини солҳои ахир ҳам барои насли ҳозираи мунтахаби Тоҷикистон ва ҳам худи сармураббӣ Петр Сегрт аст. Бо роҳбарии ӯ дастаи мо бори аввал ба ин мусобиқаи пурнуфузи Осиё роҳ ёфт, лекин оё ӯ метавонад дар он ҷо ҳамаи қобилияту малакаҳои мураббигии худро нишон диҳад?
Мо ба чӣ довталабӣ карда метавонем? Фикр мекунам ва умедворам, ки футболбозони мо дар он ҷо хуб ҳунарнамоӣ хоҳанд кард.
Ба фикрам, аз гурӯҳ мебароянд ва ин барои мо натиҷаи қаноатбахш хоҳад буд. Бо назардошти он, ки гурӯҳи мо душвор аст. Дар ҳамин ҳол мехоҳам бигӯям, ки омодагӣ дар сатҳи баланд ва муддати тӯлонӣ ҷараён дорад ва аз ин рӯ, бар ин назарам, ки мунтахаби мо дар бозиҳои аввал бояд дар ҳолати хуб қарор дошта бошад”, - гуфт Камалетдинов.
“Ҳадди ақалл, аз гурӯҳ ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфтанро интизорам”
Дигар мураббии маъруфи тоҷик, собиқ сармураббии дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” Нуъмонҷон Юсупов зикр кард, ки ба мусобиқаи Ҷоми Осиё танҳо дастаҳои пурзӯр роҳ ёфтаанд ва ҳар як бозӣ муҳим хоҳад буд.
“Дастаи мо чӣ имкониятҳо (шонсҳо) дорад? Гуфтан душвор аст, зеро дар ин мусобиқа мунтахабҳои пурзӯртарини Осиё бозӣ карда, ҳар як бозӣ ҳалкунанда мешавад, аз ин рӯ, ҳамаи дастаҳо барои ҳар як имтиёз рақобат хоҳанд кард, аз ҷумла мунтахаби мо ҳам. Ҳайати даста хуб буда, айни замон беҳтаринҳо даъват шудаанд”, - изҳор дошт ӯ.
Юсупов изҳори умедворӣ кард, ки футболбозони даста аз уҳдаи вазифаҳое, ки наздашон гузошта шудааст, бояд бароянд, зеро футболбозони даста ба ин имкон доранд.
“Ҳадди ақалл, аз гурӯҳ ба даври 1/8 финалӣ роҳ ёфтанро интизорам”, - изҳори итминон кард Нуъмонҷон Юсупов.
Коршинос ҳамчунин зикр кард, ки ҳозир дар мунтахаби Тоҷикистон футболбозоне ҳастанд, ки таҷрибаи бойи байнулмилалӣ дошта, муддати тӯлонӣ дар майдонҳои Аврупо ва Осиё ҳунарнамоӣ кардаанд. Маҳз онҳо бояд пешсафиро ба даст гирифта, дастаро раҳнамоӣ кунанд.
“Бовар дорам, ки онҳо мухлисони моро бо натиҷаҳои хуб хурсанд мекунанд. Ба футболбозону ситоди мураббиён барору комёбӣ орзу дорам. Интизори танҳо ғалабаҳоем!, - илова намуд коршинос.
“Бо Қатар ва Чин метавон ва бояд рақобат кард!”
Коршиноси тоҷик ва менеҷер Нодир Дӯстматов низ дар бораи имкониятҳои мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа изҳори назар кард.
“Мунтахаби Тоҷикистон барои бозии муваффқона дар даври гурӯҳӣ ва ҳадди ақалл аз ҷойи дуюм роҳ ёфтан ба даври 1/8 финалӣ имкониятҳои хуб дорад. Албатта, ҳарифон қавианд - Қатар, Лубнон ва Чин, лекин метавон ва бояд бо онҳо рақобат кард!
Ба фикрам, назди даста вазифаи баланд гузошта шудааст, ки дар мусобиқа ҳарчи бештар бозӣ гузаронад. Ва дастаи мо аз уҳдаи иҷрои он баромада метавонад.”, - изҳор дошт ӯ.
“Дастаи мо қавитарин дар таърих аст”
Коршиноси шабакаи телевизиони “Варзиш” Парвизи Нориён чунин изҳори назар кард, ки дар тамоми таърихи истиқлолияти Тоҷикистон ҳозир дастаи мо яке аз тавонотарин аст.
“Шарҳ медиҳам, ки барои чӣ чунин назар дорам: тайи солҳои ахир бозингарони мо дар сатҳи байнулмилалӣ ҳунарнамоӣ карда, таҷрибаи хуб андӯхтанд. Бозии муваффақонаи дастаи “Истиқлол” дар мусобиқаи пурнуфузтарини Осиё байни дастаҳо - Лигаи қаҳрамонҳои Осиё гувоҳи ин гуфтаҳост. Тавре ки медонем, бозингарони асосии даста футболбозони дохилӣ мебошанд. Ҳамчунин дастаҳои дигари Тоҷикистон низ доимо дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё иштирок карда, таҷрибаи худ гирифтанд.
Ҷавонони мо ҳам хубанд, ҳамеша ба мусобиқаҳои чемпионати Осиё дар ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ роҳ меёбанд, ҳарчанд натиҷаи хуб нишон намедиҳанд, лекин ҳамеша устуворона ба ин мусобиқаҳо роҳ ёфта, ба 10-гонаи беҳтарин дар Осиё миёни ҷавонон ва кадетҳо дохил мешавем. Ҳамаи ин натиҷаи аввалин роҳёбии мо мусобиқаи Ҷоми Осиё шуд. Лекин имкониятҳоро истифода бурда тавонистан ҳам лозим аст.”, - изҳор дошт коршинос.
Ба гуфтаи мутахассис, дар бозӣ бо Қатар дар мусобиқаи Ҷоми Осиё ба ғалаба умедвор будани футболбозони тоҷик душвор аст, лекин дар вохӯриҳо бо Чин ва Лубнон имкониятҳои хуб доранд.
“Муҳимаш он аст, ки футболбозони мо ба худ бовар дошта, то охир рақобат кунанд. Бисёр вақт дар охири бозӣ бартариятро аз даст дода, саросема мешавем. Ин ҷо сармураббӣ футболбозонро бояд аз лиҳози равонӣ хуб омода кунад. Мақсади аввал роҳ ёфтан ба даври минбаъда аз гурӯҳ аст. Барои аз зинаи дуюм роҳ ёфтан ба ин давр имкониятҳои хуб дорем.
Агар дар марҳилаҳои дигари плей-офф корамон барор гирад, ба 8-гонаи аввал довталабӣ дорем. Муҳимаш дастаҳои пурқувват ба мисли Ҷопон, Эрон, Австралия, Арабистони Саудӣ ва дигар тимҳо ҳарифамон нашаванд. Ба футболбозон ва имкониятҳои онҳо назари мусбӣ дорам. Шахсан ба мухлисии онҳо меравам ва умедворам, ки будубоши ман дар Қатар ҳарчи зиёдтар тӯлонӣ шавад”, - изҳори умедворӣ кард Нориён.
“Бозии аввал бояд бо натиҷаи мусбат анҷом ёбад”
Собиқ футболбози тоҷикистонӣ, айни замон менеҷер ва скаут Александр Франк низ дар бораи интизориҳояш аз мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё дар Қатар изҳори назар кард.
“Фикр мекунам, ки бозии аввал ҳалкунанда аст. Агар бозии якуми мусобиқаро бо натиҷаи мусбат анҷом диҳем, он гоҳ, албатта, умуман рӯҳия тамоман дигар мешавад. Албатта, барор ҳам лозим аст. Хоҳони онам, ки даста аз гурӯҳи душвор баромада, баъдан ба қадри имкон дар бозиҳои минбаъда комёб шавад.
Футболбозони мо ҳоло ба Ҷоми Осиё ҳамаҷониба омодагӣ мегиранд. Дарвозабони асосӣ сиҳат шуда, чанд рӯз боз дар гурӯҳи умумӣ тамрин мекунад ва бозигарони хориҷӣ (легионерҳо) ҳама омаданд. Умедворам, ки ҳама сиҳат ва ба чемпионати қитъавӣ дар ҳолати хуб омода мешаванд.
Ба ҳайати даста бовар дорам, медонам, ки метавонанд худро ба даст гирифта, тамоми қувва ва қобилияту малакаҳои худро барои ноил гардидан ба натиҷаи хуб равона кунанд! Ва албатта, даста ба дастгирии мардуми кишвар ва мухлисон умедвор аст”, - илова кард ӯ.
Илова мекунем, ки барои иштирок дар Ҷоми футболи Осиё дар мунтахаби футболи Тоҷикистон 27 бозингар - 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар омодагӣ мегиранд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади АМА:
Дарвозабонон: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Далерҷон Баротов («Истаравшан»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ханонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Нефтчӣ», Ӯзбекистон), Ахтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама – «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан»), Далер Имомназаров («Эсхата»);
Нимҳимоятгарон: Парвизджон Умарбоев (ЦСКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Ӯзбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Руслан Хайлоев («Тюмень», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Амадонӣ Камолов, Шервони Мабатшоев, Алиҷони Бӯризод (ҳама – «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Кӯктош»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Ӯзбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамрокулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).