Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ, дастаи мунтахаби кишварро, ки дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа бомуваффақият ҳунарнамоӣ кард, ба таври шоиста қадрдонӣ намуд.
Тавре ки маркази матбуоти ФФТ хабар медиҳад, баъди роҳ ёфтан аз гурӯҳ бо фармони Рустами Эмомалӣ ба тими миллии Тоҷикистон 300 ҳазор доллар мукофотпулӣ ҷудо шуд.
Илова бар ин, президенти ФФТ пас аз пирӯзии тими миллии Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии Ҷоми Осиё-2023 бар тими Амороти Муттаҳидаи Араб (1:1, 5:3 аз рӯйи силсилаи пеналти) ба яккачини Тоҷикистон 150 ҳазор доллари дигар ҷудо намуд.
Дар сурати пирӯзӣ бар тими миллии Урдун дар даври чорякниҳоии Ҷоми Осиё, мунтахаби Тоҷикистон 200 ҳазор доллари иловагӣ ба даст хоҳад овард.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар сурати пирӯзиҳои минбаъда дар Ҷоми Осиё-2023 ба мунтахаби Тоҷикистон мукофотҳои калон тақдим карда мешавад.
Зикр мегардад, ки мунтахаби Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърихи худ дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё ҳунарнамоӣ дорад ва бо роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоии мусобиқот аллакай дастоварди шоёнро дар таърихи варзиши кишвар сабт кард.
Дар даври чорякниҳоӣ дастаи мо 2 феврал бо тими миллии Урдун бозӣ мекунад. Ин дидор дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алӣ баргузор шуда, соати 16:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.





Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста