Корхонаи муштараки истихроҷи тиллои Тоҷикистону Чин - “Зарафшон”  ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои баромадан ба даври чаҳорякниҳоӣ 2 млн сомонӣ мукофотпулӣ медиҳад. Дар ин бора Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ин корхона гуфтааст, ки дар сурати роҳ ёфтани мунтахаби миллӣ ба даври нимниҳоӣ (1/2) – 3 млн сомонӣ, барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ (финал) – 5 млн сомонӣ ва барои соҳиб гардидани Ҷоми Осиё оид ба футбол – 8 млн сомонӣ тақдим хоҳад кард.

Ҳамин тавр, дар умум, дар сурати пирӯзии тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол дар Ҷоми Осиё ин корхона 18 миллион сомонӣ тӯҳфа хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки пеш аз ин Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва ҳамзамон Президенти ФФТ барои футболбозони тими миллии кишвар 450 ҳазор доллар ҷудо кард.

Рустами Эмомалӣ барои баромад аз гуруҳ 300 ҳазор доллар ва барои пирӯзӣ бар Лубнон ва роҳ ёфтан ба марҳилаи ¼ ниҳоӣ 150 ҳазор доллари дигар дод.

Ҳамчунин, ба тими миллии Тоҷикистон барои иштирок дар Ҷоми Осиё Федератсияи футболи қора низ 200 ҳазор доллар медиҳад.

Ҳамакнун, агар футболбозони тоҷик бар тими Урдун ғалаба карда, ба марҳилаи нимниҳоӣ роҳ ёбанд, Рустами Эмомалӣ боз 200 ҳазор доллар ва Федератсияи футболи Осиё 1 млн доллар тақдим мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.