Дар бозии аввал дар гурӯҳи “С” дар Ҷоми Осиё, ки дар Давлати Қатар ҷараён дорад, мунтахаби футболи синни то 23-солаи Тоҷикистон аз тими Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд. Тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон Руслан Хайлоев ва Рустам Соиров ба ҳадаф расониданд.
Дар вохӯрии дигари ин гурӯҳ футболбозони Таиланд мунтахаби Ироқро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд.
Ду бозии дигари мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо Ироқ - 19 апрел ва Таиланд - 22 апрел баргузор мешаванд.
Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё дар Қатар мунтахабҳои ҷавонони қора натанҳо барои ба даст овардани медалҳои мусобиқа, балки дарёфти роҳхат ба Бозиҳоии олимпии Париж-2024 низ рақобат мекунанд.
Се дастаи беҳтарин ҳамчун намояндагони Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) роҳхат гирифта, дастаи зинаи чорум бо намояндаи Африқо барои боз 1 роҳхати дигар ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар плей-офф бозӣ мекунад.
Дар ин мусобиқа ҳамагӣ 16 даста иштирок мекунанд. Чемпиони амалкунанда тими Арабистони Саудӣ мебошад. Мусобиқа аз 15 апрел то 3 май баргузор мешавад.
Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як гурӯҳ дар ҷуфтҳои 1/4 финалӣ рақобатро барои медалҳо идома медиҳанд.