Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, бори нахуст ба даври ниманиҳонии ин мусобиқа роҳ ёфт ва соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон гардид.
Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки голҳоро дар бозӣ бо Афғонистон Ризо Ҳусейнпур дар дақиқаи 19 (ба дарвозаи худ) ва Файзалӣ Сардоров дар дақиқаи 47 ба самар расониданд. Голи ягонаи мунтахаби Афғонистонро бошад, дар дақиқаи 23 Фарзод Маҳмудӣ вориди дарвоза намуд.
Қаблан тими милии футзали Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” мунтахаби Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, бо дастаҳои Қирғизистон ва Ҷопон бозиро мусовӣ - 2:2 ва 1:1 анҷом дод ва бо ишғоли зинаи аввал дар гуруҳ ба марҳилаи 1/4 ниҳоӣ баромада буд. Бозиҳои нимфиналӣ рӯзи 26 апрел ва вохӯрии финалӣ санаи 28 апрел баргузор мешаванд.
Бояд гуфт, ки тими Тоҷикистон дар таърихи худ бори 12-ум дар даври ниҳоии Ҷоми футзали Осиё ширкат меварзад.
Ҳамакнун, баъди ин ғалабаи таърихӣ, тими Тоҷикистон бори аввал дар таърихи худ, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳон, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.
Мақоме боиси орзу, аммо бидуни таъсир ба фазои сиёсӣ. Тасвири симои вакили тоҷик
Ба оилаҳои аз заминларза зарардидаи Рашт беш аз 483 ҳазор сомонӣ кӯмак кардаанд
Чаро сабзавоту меваи Тоҷикистон бозори Қазоқистонро аз даст медиҳанд?
Бо ширкати театри 6 кишвар. Дар Душанбе ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор мегардад
Тоҷикистону Эрон мехоҳанд раводид тавассути роҳҳои заминиро ҳам бекор кунанд
Тоҷикистону Арманистон оид ба таъсиси корхонаи муштарак мувофиқа ҳосил карданд
“Набудани ҳунарманд роҳбари театрро ба саҳна баровард”. Ҷашнвораи “Парасту 2025” чӣ бурду чӣ бохт дошт?
Дастхатҳои Қалъаи Кӯҳи Муғ ба феҳристи “Ҳофизаи ҷаҳонӣ”-и ЮНЕСКО шомил гардид
Меҳнатдӯст ва меҳанпарасти асил: Юсуфҷон Аҳмадов 75 – сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста