Ягона майдони гурзпартоӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Оҷонсии Туркия дар умури ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) навсозӣ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи он зикр гардид, ки ин майдонро ТИКА бо мақсади саҳмгузорӣ дар инфрасохтори Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, ки кишварро дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, навсозӣ кардааст.
Майдони мазкур барои 4 навъи варзиши сабук – гурзпартоӣ, гулулапартоӣ, дискпартоӣ ва найзапартоӣ истифода мешавад.
Дар маросими кушодашавии лоҳа, ки дар ҳудуди Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон баргузор гардид, Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон, Дилшод Назаров, раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон, Муҳаммадшо Абдуллозода, ректори Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ, Ибраҳим Этҳем Унал, ҳамоҳангсози ТИКА дар Душанбе ва варзишгарон иштирок карданд.
Дилшод Назаров аз дастгирии ТИКА қаноатмандӣ баён карда, изҳор дошт, ки онҳо барои ҳавасманд намудани ҷавонон ба варзиш дар Тоҷикистон ба ҳама гуна ҳамкорӣ омода ҳастанд.
Сафири туркия гуфт, барои ташвиқи ҷавонон ба варзиш ташкили мусобиқаҳои варзишӣ миёни мактабҳо дар Тоҷикистон нақши муҳим мебозад. Ӯ қайд кард, ки Сафорати Туркия дар якҷоягӣ бо ТИКА барои мусоидат дар ин самт омода ҳастанд.
Бояд гуфт, ки дар миёни варзишгароне, ки онҳоро Дилшод Назаров тамрин медиҳад, варзишгарзани турк Кивилҷим Кая низ шомил аст. Ин варзишгари турк ба бозиҳои олимпии Париж-2024 омодагӣ мебинад ва айни ҳол машқҳои худро дар майдоне анҷом дода истодааст, ки аз тарафи ТИКА бозсозӣ гардид.
Дилшод Назаров, ки айни ҳол вазифаи раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро ба дӯш дорад, қаҳрамони бозиҳои олимпӣ дар соли 2016 аз варзиши гурзпартоӣ мебошад. Ӯ, ҳамчунин, дорандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳони соли 2015 ва барандаи 3 медали тилои Бозиҳои осиёӣ ҳам ҳаст. Назаров 5 маротиба қаҳрамони Осиё низ мебошад.
ТИКА созмони байналмилалии Туркия мебошад, ки дар самти кӯмакрасонӣ фаъолият менамояд ва феълан дар беш аз 60 кишвари ҷаҳон намояндагӣ дошта, дар беш аз 170 кишвари ҷаҳон фаъолиятҳояшро ба роҳ мондааст. ТИКА даҳҳо ҳазор лоиҳаро дар кишварҳое, ки фаъолият мекунад, дастгирӣ кардааст.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста