Кумитаи интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон як қатор бозигарон ва дастаҳои лигаи оливу лигаи якуми футболи кишварро барои риоя накардани бандҳои гуногуни Кодекси интизомии ФФТ ҷарима бастааст. Дар ин бора саҳифаи расмии ФФТ иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ ҷаласаи навбатиашро доир намуда, дар он қонуншиканиҳоеро, ки дар ҷараёни бозиҳои Лигаҳои футболи Тоҷикистон рӯй додаанд, баррасӣ кардааст.

Чандин футболбоз ва дастаҳои Лигаи футболи кишвар ҷаримаи пулӣ шуда, баъзеи дигар аз ҳаққи иштирок дар чанд бозӣ маҳрум шудаанд.

Забуридин Лазизов, футболбози дастаи “Исфара” барои фишори ҷисмонӣ овардан ба довар дар ҷараёни бозии “Исфара” - “Шодмон” дар Лигаи якуми футболи кишвар 1250 сомонӣ ҷарима ва аз ҳақи иштирок дар 10 бозӣ маҳрум шудааст. Дар миёни онҳое, ки ҷарима шудаанд, ҷазои Забуридин Лазизов сангинтар ба назар мерасад.

Анӯшервон Наврӯзов аз дастаи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ ва Искандар Маҳмадқулов аз “Ҳулбук”-и шаҳри Ҳисор барои истифода и суханони қабеҳ нисбати рақиб ва риоя накардани банди 17-и модаи 7-и Кодекси интизомии ФФТ бо маблағи 125-сомонӣ ҷарима шуда, аз ҳаққи ширкат дар ду бозӣ маҳрум гаштаанд.

Фирдавс Абдусалимов аз дастаи “Хуҷанд” (500 сомонӣ ҷарима ва маҳрумият аз 3 бозӣ),  Тоирҷон Баротов аз “Сарҳадчӣ” ” (250 сомонӣ ҷарима ва маҳрумият аз 2 бозӣ),  Ҷавоҳир Расулов аз “Истаравшан” (500 сомонӣ ҷарима ва маҳрумият аз 3 бозӣ) ва Далер Чолов аз “Сарҳадчӣ” (1000 сомонӣ ҷарима ва маҳрумият аз 5 бозӣ) аз футболбозони дигаре ҳастанд, ки Кумитаи интизомии ФФТ ҷазо додааст.

Аз ҷараёни ҷаласаи Кумитаи интизомии ФФТ
Акс аз ФФТ

Дар миёни дастаҳое, ки аз ҷониби Кумитаи интизомии ФФТ ҷазо гирифтаанд, ҷаримаи дастаи “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан, ки гуфта мешавад, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Хуҷанд”-ро оиоя накардааст, зиёдтар аст. Ин дастаро бо маблағи 1000 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Дастаи “Саразм” бо маблағи 250 сомонӣ, “Кӯктош” 500 сомонӣ,  “Регар-ТадАЗ” 500 сомонӣ, “Ҳулбук” 500 сомонӣ, “Сарҳадчӣ” 1000 сомонӣ ва “Файзканд” 1000 сомонӣ ҷарима шудаанд. Сабаби ҷазо гирифтани онҳо риоя накардани тартиботи ҷамъиятӣ, пешниҳод накардани хулосаи духтури даста пас аз бозиҳо ва дигар қоидавайронкуниҳо гуфта мешавад.

Бояд гуфт, ки ҷаримаву муҷозоти дастаҳо ва футболбозон аз ҷониби ФФТ як амали маъмул буда, Кумитаи интизоми ин ниҳод ба таври доимӣ  даставу бозигаронро барои вайрон кардани Кодекси интизомии ФФТ муҷозот мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.