Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамарӯза аз боздошту ҷарима ва ҳабси маъмурии чандин нафар хабар медиҳад, ки ба гуфтаи онҳо ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст мезананд. Вале дида мешавад, ки ҷаримаи ночизу то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ ва нашри акси онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъаларо пурра ҳал намекунад. Шумораи чунин хабарҳо рӯз аз рӯз зиёд мешавад.
Мақомот мегӯянд, онҳое, ки дар ҳолати мастӣ мошин рондаанд, бе иҷозатнома шишаи мошинашонро сиёҳ кардаанд, ба фолбинӣ машғул гардидаанд ё наворҳои ғайриақлоқиро дар шабкаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд, аксаран бо хоҳиши аҳолӣ боздошт ва ҷазо дода мешаванд.
Аз ҷумла, тибқи иттилои расмӣ дар 8 моҳи охир танҳо дар Душанбе бо иттиҳоми фолбиниву ҷодугарӣ 141 нафар ва дар Хатлон қариб 70 нафар боздошт ва аксарашон ҷарима шудаанд.
Ҳамин тариқ, то ҳол садҳо нафар барои дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин ва ё бе иҷозатнома сиёҳ кардани шишаи мошин боздошту ҷарима ва ё аз 5 то 15 шабонурӯз ҳабси маъмурӣ кашида шудаанд.
Раёсати шаҳри Душанбе ҳамчунин, аз боздошти чанд сокин, ки худро маъюбу дардманд вонамуд карда, ба талбандагӣ машғул буданд, хабар пахш мекунад.
Дар ин баробар ин, мақомот чанд вақти охир бо пахши чанд акс аз боздошту таъини ҷазои маъмурӣ ба ҷавондухтароне, ки ба гуфтаи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои ғайриахлоқӣ паҳн мекарданд, хабар медиҳад.
“На ҳама чизро ба воситаи қонун танзим карда мешавад”
Аксари ин нафарон баъди боздошт бо ҷаримаи ночиз ва ё бо ҳабси маъмурии аз 5 то 15 шабонарӯз ба озодӣ мебароянд ва “аз пайи зиндагии худ мешаванд”. Вале тавр мебинем, рӯз аз рӯз шумораи чунин “қонуншиканҳо” афзоиш меёбад. Коршиносон мегӯянд, наметавон зидди ин зуҳурот танҳо тавассути қонун мубориз бурд.
Давлатмурод Каримов, ҷомеашиноси тоҷик бар ин назар аст, ки на ҳама чизро ба воситаи қонун танзим карда мешавад.
“Тасаввур кунед, агар нисбати тамоми қонуншиканиҳо ҷазо тадбиқ гардад, эҳтимол меравад, ки дар ояндаи наздик, нисф ё аз нисф бештари аҳолӣ доғи судӣ гиранд”, - гуфт Каримов.
Ба андешаи ӯ, ягона роҳи мубориза бо чунин нафарони ин тарбияи ҷомеа аст, ки ин вазифаро бояд ниҳодҳои идеологӣ анҷом диҳанд. Телевизион, радио, матбуот ва имрӯз интернет низ метавонад аз ҷумлаи чунин ниҳодҳои мафкурасоз бошад.
Ӯ пешниҳод мекунад, ки бояд ҳар панҷсола консепсия дар самти тарбияи ҷомеа қабул гардад. Зеро ҷомеа рушд меёбад ва бо усули панҷ сол пеш наметавон бо зуҳуроти нав мубориза бурд.
Ба омилҳои таҳрикдиҳанда ба ин корҳо таваҷҷуҳ бояд кард
Баҳодур Раззоқов, ҳуқуқшиноси тоҷик бар ин назар аст, ки бояд ба омилҳое таваҷҷуҳ кард, ки мардумро ба ин корҳо водор мекунанд.
“Масалан, омили ба талбандагӣ машғул шудани мардум метавонад ба шароити моддии ҳаёти онҳо вобаста бошад. Он нафароне, ки қувваи меҳнати ҷисмонӣ доранду боз ба талбандагӣ машғул мешаванд, ба туфайлихӯрӣ одат кардаанд. Мақсади онҳое, ки наворҳои ғайриахлоқӣ паҳн мекунанд, пайдо кардани ҳаводорони зиёд аст”, - гуфт ӯ.
Ба андешаи Баҳодур Раззоқов барои кам кардани ин гуна зуҳурот маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд баланд бардошта шавад.
Ӯ ба таври мисол гуфт, ҷазо барои онҳое, ки қоидаҳои роҳ ва ё ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд, пурра маҳрум кардани аз ҳуқуқи ронандагӣ аст.
Гуфта мешавад, ки чанд сол пеш мақомот ҷазо барои қоидавайронкуниҳо дар роҳҳо, махсусаа дар ҳолати сархушӣ ё маст нишастан сари чанбараки мошинро сангинтар карда, ҳамчунин ҳаҷми ҷарима ва муҳлати аз ронандагӣ маҳрум кардани чунин шахсонро зиёдтар карда буд.
Ҳоло Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати ин гуна қонуншиканӣ ҷарима ба андозаи то 21 600 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати панҷ сол пешбинӣ мекунад. Вале тавре дида мешавад, ин тадбир ҳам чандон кӯмак накард.
Мувофиқи омори расмӣ, 7%-и садамаҳои нақлиётии дар нимсолаи аввали соли 2024 баамаломада, яъне 37 садамаи нақлиётӣ (539 ҳодисаи садамаи нақлиёт дар шаш моҳи 2024) бо сабаби дар ҳолати мастӣ рондани нақлиёт рух додааст.
Ҷои кор пешниҳод кунед!
Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшиноси дигари тоҷик ҳарчанд аз татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбати чунин нафарон ҷонибдорӣ кард, вале гуфт, “барои пеши роҳи ин гуна қонунвайронкуниҳоро гирифтан ба ин шахсон баъди татбиқи ҷазо ҷойи кор пешниҳод гардад, то шахс тавонад бо роҳи дуруст маблағ ба даст орад”.
“Онҳое, ки барояшон дарёфти ҷои кор мушкил аст, шояд маҷбур шаванд боз амали худро такрор кунанд. Масалан, талбандаҳо ва ё фолбинонон”, - гуфт ӯ.
Соли равон бо тағйирот дар қонунгузорӣ ҷазо барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҳам сахттар шуд ва акнун онҳое, ки ҷодугшарӣ мекунанд, аз 5 ҳазору 760 то 7 ҳазору 200 сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз даҳ то понздаҳ шабонарӯз таъин карда мешавад. Дар сурати дубора содир кардани ҷиноят то 2 соли ҳабс пешбинӣ кардааст.
Чунин ба назар мерасад, ки танҳо ҷаримаи ночиз ва ҳабси маъмурӣ на ҳамеша роҳи ҳал аст ва пеш аз ҳама ба омилҳое бояд таваҷҷуҳ кард, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ оварда мерасонад.
Тарзи интихоб, синну сол ва пули чипта. Ҳамаи шартҳои сафар ба Корея маълум шуд
Freedom Finance Global: Дар Тоҷикистон эътимоди истеъмолкунандагон паст мешавад
Омӯзгор огоҳ карда шуд. Вазорати маориф навори сарзаниши хонандагон аз ҷониби омӯзгорро шарҳ дод
“Рақаму рамзи кортро надиҳед”. Ҳушдори Амонатбонк ба муштариён аз фаъолшавии қаллобон
Таҳқиқот: Дар Тоҷикистон рушди логистика начандон қаноатбахш аст
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста