Размикори тоҷик Самандар Муродов (10-0) ва амрикоӣ Ҷонатан Пирсма (9-2) шаби 24 август дар мусобиқаи Road To UFC, ки дар Лас-Вегас баргузор мешавад, бо ҳам рақобат мекунанд.

Лекин ин ҳоло маънои онро надорад, ки дар сурати пирӯзӣ имзои қарордод бо UFC  кафолат дода мешавад, чунки Муродов аллакай як бор дар Road To UFC ғолиб омада буд, аммо ба ин Лига дохил нашуд. Ахиран аз 30 размикоре, ки дар ин мусобиқа ғалаба карданд, танҳо 10 нафарашон бо UFC шартнома бастанд.

Сурат аз UFC

"Мо бо даста ва ҳайати мураббиён охирин омодагиҳоро пеш аз марҳалаи муҳим – сафар ба Амрико ба анҷом расонидем. Мехоҳам ба клуби худ «Ахмат» - Тоҷикистон, бародарони бузург, шарикони ҳариф (спарринг) ва ҳар касе, ки дар ин роҳ паҳлӯямон буд ва кӯмак расонд, миннатдории худро изҳор намоям. Дар пеш - даъватҳои нав ва пирӯзиҳо ва ман медонам, ки бо чунин даста дар паси ман мо метавонем аз уҳдаи ҳар гуна вазифаҳо бароем", - гуфт варзишгар.

Самандар Муродов яке аз варзишгарони маъруфи тоҷик аст, ки дар бораи ӯ ҳамчун размикори оянда дар UFC сухан меронанд, аммо то ҳол имкони сафар ба ИМА барояш муяссар нашудааст.

Самандар Муродов бо клуби худ - "Ахмат - Тоҷикистон"
Сурат аз саҳифаи клуб

Моҳи октябри соли 2022 дар Абу-Даби мусобиқаи интихобии Road to UFC барои кишварҳои қораи Осиё баргузор шуд. Дар ин ҷо Муродов дар охирин сонияи раунди якум бар Жан Сикейра ғолиб омад.

Ғайр аз ин, Самандар дар мусобиқа ба хотири ёдбуди Абдулманап Нурмагомедов унвони чемпиони AMC Fight Nights-ро ба даст овард. Он замон Муродов бар Максим Шветс бо нокаути техникӣ дастболо шуд. Дар ҳамин ҳол, дар ин қувваозмоӣ размикори бо дасти ҷароҳатбардошта рақобат карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.