Дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мусобиқаи байнулмилалии теннис барои дарёфти Ҷоми президент байни наврасон баргузор мешавад. Мусобиқа аз 1 то 7 сентябр дар маҷмаааи варзишии “Қасри теннис” гузаронида шуда, дар он варзишгарони зиёда аз 15 кишвар иштирок мекунанд.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи тенниси Тоҷикистон хабар доданд, муобиқа дар 2 категорияи синнусолӣ: то 13-сола ва 14-16-сола доир мегардад. Мусобиқаҳо ҳам инфиродӣ ва ҳам дар ҷуфтҳо байни наврасону духтарон сурат мегиранд.
Мутобиқи регламенти байнулмилалӣ, ба тақдими мукофотпулӣ ба наврасони синни то 18-сола иҷоза дода намешавад. Ба ивази ин ба ғолибону ҷоизадорон туҳфаҳои арзишманд, аз қабили ноутбуку планшет ва телефонҳо супурда мешаванд.
Иштироки худро дар ин мусобиқа то ин дам варзишгарон аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Туркманистон, Чин, Ҳиндустон ва Эрон, Канада, Руминия ва Кореяи Ҷанубӣ тасдиқ кардаанд. Дар Федератсияи тенниси Тоҷикистон зикр карданд, ки ҷараёни тасдиқи иштироки варзишгарон аз дигар давлатҳо айни замон идома дорад.
Ёдрас мекунем, ки аввалин мусобиқаи байнулмилалии теннис миёни наврасон барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон соли 2005 доир гардида, соли 2021 он ба тақвими мусобиқаҳои Федератсияи байнулмилалии теннис дохил шуд.
Чӣ бояд кард, агар телефонатонро дузданд ва ё он гум шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста