Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки сардори Департаменти савдои хориҷӣ ва ҳамкории иқтисодии ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Чин Хэ Имин зимни мулоқот бо раиси палата Шарифи Саид пешниҳод кардааст, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) масъалаи тавсеъаи роҳи мошингарди Қулма-Қарасу-Қирғизистонро ба миён гузоранд. Ш.Саид пешниҳодро дастгирӣ намуда, изҳор доштааст, ки масъалаи мазкур дар Шӯрои кории СҲШ, ки дар он ӯ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад, шояд мавриди муҳокима қарор гирад.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи имконоти рушди ҳамкории иттилоотиву электрониро низ баррасӣ карда, чунин изҳори назар намуданд, ки он ба таҳкими робитаҳо миёни доираи соҳибкории кишварҳо мусоидат хоҳад кард. Зикр гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон беш аз 50 лоиҳаи муштарак дар соҳаҳои гуногун амалӣ мешаванд ва то имрӯз зиёда аз 40 корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой таъсис дода шуданд.
Бо назардошти аҳамияти баргузории намоишгоҳҳо дар рушди ҳамкориҳо, Ш.Саид пешниҳод кард, ки намоишгоҳи навбатии Қошғар соли 2009 дар ноҳияи Данғара гузаронида шавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба меҳмонон якчанд СД-диски «Раҳнамо барои тоҷирон», ки аз маълумоти зарурӣ перомуни соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва шарҳи 176 лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, 525 корхонаву муассисоти кишвар ва қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон иборат аст, тақдим гардид.
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Филми ҳунарии “Дар талоши ҳақиқат”-и коргардони тоҷик дар синамоҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифт
Дар Боздоштгоҳ ва паси дарҳои баста. Оғози мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта дар Тоҷикистон
Ҳалокати се коргар дар сохтмони НБО “Роғун”
Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар дастаи Непал бо ҳисоби 4:0
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хиёнати ҳамсари сӯфӣ”
Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара бо гумони гирифтани пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста