Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Айни замон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои машваратии назди президенти Тоҷикистон оид ба беҳбуди фазои сармоягузорӣ мегузарад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти сарвари давлат, ҷаласа таҳти раёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мегузарад, ки дар он сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов, аъзои гурӯҳи иқтисодии ҳукумат, намояндагони созмонҳои мададрасони байнулмилалӣ, аз қабили Бонки рушди Осиё, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва дигар ниҳодҳои молиявии муқими Тоҷикистон иштирок доранд.

Дар ҷаласа масъалаи беҳсозии муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Шӯрои   машваратӣ бо мақсади рушди бахши хусусӣ дар кишвар соли гузашта таъсис дода шуд. Ба ҳайати он намояндагони сохтори давлатии марбут ба танзими фаъолияти бахши хусусӣ ва президенти Тоҷикистон шомил мебошанд.