Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Роҳбарони сохторҳои бахши энергетикаи кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон ният доранд, рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе мулоқот кунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи Тоҷик» изҳор доштанд, айни замон ҷонибҳо мӯҳлати доир намудани вохӯриро муайян месозанд ва интизор меравад, ки он дар арафаи ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхай Дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.
Бино ба иттилои манбаъ, роҳбарони сохторҳои энергетикаи кишварҳо масоили Созишномаи аз ҷониби Афғонистон харидории нерӯи барқи Тоҷикистон ва хати интиқоли барқи 220 кВ «Сангтӯда-1-Пули Хумрӣ»-ро, ки тавассути он нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода мешавад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳаи хати интиқоли барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ-1000 ва рушди минбаъдаи бозори энергетикии ин минтақаро, ки дар Исломобод ба имзо расид, низ муҳокима хоҳанд кард. Дар амалисозии лоиҳа давлатҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 январи соли 2025
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста