Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» -
Раиси диаспораи гурҷиҳо дар Тоҷикистон Юрий Нетревели аз даргириҳои ба вуқӯъ пайвастаи миёни ду халқи бародар - гурҷиҳову осетинҳо изҳори таассуф намуда, ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» гуфт, мушкилот барои он рӯйи кор омад, ки аз оғоз ҷиҳати ҳалли он сиёсатмадорон камар бастанд. Ӯ чунин мешуморад, ки айни замон баъзе аз ҳамсоягон метавонистанд роҳҳои оштӣ сохтани халқҳоро ҷустуҷӯ намоянд, вале баръакс, онҳо ин ду халқи бародарро ба ҳам иғво меандозанд.
Ю. Нетревели чунин изҳори ақида кард: «Боиси нигаронист, ки намояндагони ду халқе, ки тӯли ҳазорсолаҳо ҳамсояҳои хуб буданд, имрӯз хуни якдигар мерезанд ва ба ин онҳо гунаҳкор нестанд. Масъалаи муносибати мардуми гурҷиву осетинҳоро сиёсатмадорон ҳал карданд. Ин масъаларо сари мизи гуфтушунид бояд оқсақолон ва зиёиён ҳаллу фасл мекарданд, вале онҳо ҳеҷ ташаббусе нишон надоданд. Ғайр аз ин, изҳорот ва дахолати кишварҳои дигар, ки бояд ба оштӣ додани тарафҳо бикӯшанд, баръакс вазъро муташанниҷтар месозад».
Дар мавриди шарҳи изҳорот бобати қатли ом намудани халқи осетин аз ҷониби Гурҷистон Ю.Нетревели изҳор дошт, ки алҳол омода нест, онро шарҳу тафсир диҳад. «Гап сари он аст, ки иттилооти ба ман расида якҷониба аст ва тасаввурот низ якҷониба ҳосил мегардад, - гуфт ӯ. - Аз Гурҷистон дар бораи вазъият мо иттилооте нагирифтаем, вале ман бори дигар таъкид месозам, ки агар ҳамсоя амну осудагии ҳамсояашро бихоҳад, ӯ ба изҳороти ҳангомадор роҳ намедиҳад, зеро чунин амал вазъро боз ҳам бадтар месозад».
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 январи соли 2025
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста