Душанбе. 11-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) «Мадад»-и назди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон Хайрулло Худойбердиев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки корхона ба Тоҷикистон ба маблағи 231 ҳазор доллари амрикоӣ тракторҳо ва техникаи соҳаи кишвоарзӣ ворид кардааст.
«Айни замон дар анборҳои корхона ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ қисмҳои эҳтиётии техника ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ мавҷуданд», - гуфт Х.Худойбердиев ва афзуд, ки ояндаи наздик боз ба маблағи 350 ҳазор сомонӣ комбайнҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ дастрас карда мешаванд.
Раиси корхона ҳамчунин зикр кард, ки соли равон муомилоти мол ба маблағи 1 млн. 400 сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, вале дар 7 моҳи соли равон он аллакай ба 1 млн. 800 сомонӣ расид.
Ёдрас мекунем, ки КВД «Мадад» хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермериро ба техникаи соҳаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии он таъмин менамояд. Корхона соли 1961 чун «Тоҷикселхозтехника» таъсис дода шуда, минбаъд ба «Госкомселхозтехника» (соли 1978), Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикагроснаб» (соли 1985), Комплекси агросаноатии «Агропромтехснаб» (соли 1991) ва соли 1992 ба консерни «Мадад» тағйири ном кард. Аз соли 2004 дар заминаи ин консерн бо қарори ҳукумати Тоҷикистон КВД «Мадад» таъсис ёфт.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 январи соли 2025
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста