Хуҷанд. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Аз рӯи натиҷаҳои озмуни «Дастаи беҳтарини тибби оилавӣ», ки ахири ҳафтаи сипаришуда дар қасри Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, табибони оилавии ноҳияи Ашт беҳтарин дониста шуданд.
Дар Хуҷанд дастаҳои ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Кӯҳистони Мастчоҳ, Конибодом ва шаҳрҳои Чкаловску Хуҷанд ширкат варзиданд. Ҳайати дастаҳо аз пизишк ва ҳамшираи шафқат иборат буд.
Ба гуфтаи раиси Ассотсиатсияи кормандони тибби оилавӣ Гавҳар Пӯлодова, барои ширкат дар озмун доштани диплом ё гувоҳнома ва собиқаи кории на кам аз як сол ҳатмӣ буд. Ғайр аз ин пизишкон дар ноҳияву шаҳрҳо низ аз озмун гузаштанд.
Иштирокчиёни озмун на танҳо аз рӯи малакаҳои касбии кори тиббӣ, балки аз рӯи қироати шеърҳои шоирони маъруфи тоҷик низ аз санҷиш гузаштанд.
Мақоми аввал насиби пизишкони ноҳияи Ашт, ҷои дуввум насиби табибони шаҳри Чкаловск ва зинаи саввумро пизишкони ноҳияи Ҷаббор Расулов ишғол намуданд. Ба ғолибон телевизор,
DVD
, телефонҳои мобилӣ ва дастгоҳҳои аксбардорӣ тақдим карда шуданд. Давраи ниҳоии озмун дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 январи соли 2025
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста