Душанбе. 13-август. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ дар Душанбе конфронс таҳти унвони «Чораҳои ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва татбиқи стратегияи иттилоотии Комиссияи миллӣ» доир мегардад, ки дар он масъалаи роҳи ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт.
Аз Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар конфронс намояндагони мақомоти марбутаи соҳаи пахтакорӣ оид ба мушкилоти соҳа, чораҳои андешида бобати пардохти қарз ва таъмини иттилоотии ислоҳоти соҳаи пахтакорӣ табодули назар хоҳанд кард.
Конфронсро Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии Канада оид ба рушди байнулмилалӣ созмон медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки қарзи хоҷагиҳои пахтакор дар соли 2007 409 млн. доллари амрикоиро ташкил дод. Соли равон хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор ба механизми нави сармоягузорӣ гузаштанд, яъне қарздиҳӣ бевосита тавассути бонкҳо сурат гирифт. Дар ҷумҳурӣ 34 ноҳияи пахтакор мавҷуд аст, ки 19-тои он дар вилояти Хатлон, 10-то дар вилояти Суғд ва 5-тои он дар ноҳияи тобеи марказ ҷойгир шудаанд.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста