Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар таърихи 15-уми август дар шаҳри Маскав ҷаласаи 9-уми комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия доир мегардад, ки дар он вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки айни замон дар Маскав гурӯҳи корӣ қарор дорад, ки масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаро омода месозад.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа бо иштироки раисони комиссия - муовини аввали сарвазири ҶТ Асадулло Ғуломов ва роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, илму маориф, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра муҳокима хоҳанд гардид.
Сомонаи расмии вазорати рушди иқтисод ва савдои Русия иттилоъ медиҳад, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа протокол ба имзо хоҳад расид.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста