Хуҷанд. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон зиёд кардани ҳаҷми ҷоришавии обро аз обанбори Қайроққум дархост кард.

Аз Раёсати хоҷагии оби вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар санади ирсолшуда бо имзои роҳбари комиссия Маҳмуд Ҳамидов гуфта мешавад, ки парваришу ба ҳосил даровардани зироатҳои кишоварзӣ ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад ва дар сурати ба роҳ мондани кори мураттаб, бахусус истифодаи захираҳои обии обанбори Қайроққум мавсими обёриро метавон муваффақона анҷом дод. Оқои Маҳмудов изҳор дошт, ки айни замон дар обанбори Қайроққум 1 млрд. 470 млн. метри мукааб об захира карда шудааст ва аз он метавон 470 млн. метри мукаабашро истифода намуд.

Мавсуф баён дошт, ки агар ҳамарӯза аз обанбор 27 млн. метри мукааб об ҷорӣ гардад, то 1-уми сентябр дар он 1 млрд. метри мукааб об боқӣ хоҳад монд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати кишоварзиии Ӯзбекистон таъмини ҳамарӯзаи обро ба миқдори 2 млн. метри мукааб тавассути канали шимолии Фарғона ба минтақаи истгоҳҳои обкашии Маҳрам кафолат додааст, ки он норасоии обро дар Конибодом ҷуброн мекунад. «Айни замон дар обанбор захираи об кофӣ аст ва мо метавонем ҷоришавии онро афзоиш диҳем, - зикр кард сарчашма, - Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ низ муқобил нест ва акнун зарур аст, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намуд, то онҳо барои афзоиш додани ҷоришавии об то 450 метр дар як сония бо ҳукумат мувофиқа кунанд».