Душанбе. 12-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ширккати «Техномодум»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия ният дорад, дар Русия муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро бо кор таъмин намояд.
Роҳбари гурӯҳи ширкат Денис Заятс, ки чанде қабл ба Душанбе омад, изҳор дошт, ки масоили ҳамкорӣ дар ин самт зимни мулоқоташ бо муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Субҳиддин Ашӯров баррасӣ шуданд.
Ба гуфтаи Д.Заятс, ӯ аъзои комиссия оид ба муҳоҷирати меҳнатии мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербург мебошад. «Мо ният дорем, аввал дар Тоҷикистон барои муҳоҷирони меҳнатӣ курсҳои омӯзиши касб, огоҳӣ бо қонунгузории Русия ва забони русӣ ташкил намуда, сипас онҳоро ба кор ҷалб кунем», - гуфт вай.
Мавсуф зикр кард, ки ба имзо расидани созишномаи ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар назар аст. Ҳамчунин бо шаҳрвандоне, ки тавассути дастгирии вазорат хоҳиши кор дар ширкатро доранд, мулоқоту вохӯриҳо доир карда мешаванд. Ғайр аз ин, дар доираи сафар Д.Заятс аз намоишгоҳҳои ҷойҳои кории холӣ дар пойтахт (14-уми август) ва шаҳри Хуҷанд (16-уми август) низ боздид хоҳад кард.
Д.Заятс иброз дошт, ки ширкат қаблан низ дар сатҳи ҳамкорӣ бо муассисаву агентиҳои хусусӣ ба ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ сарукор доштааст, вале аз моҳи апрели соли равон ҳамкориро дар сатҳи расмӣ ба роҳ мондааст. Дар чаҳорчӯбаи ин ҳамкорӣ ширкати «Техномодум» 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо ҷои кор таъмин кардааст.
Қобили зикр аст, ки ширкати «Техномодум» дар соҳаи хизматрасонӣ ба корхонаҳои саноатӣ фаъолият дорад ва дар он ҳудуди 1 ҳазор нафар машғули кор мебошанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 январи соли 2025
“Асосгузори жанри асарҳои саҳнавии кӯдакона”. Таҷлили 90-солагии Наримон Бақозода дар Душанбе
Дар бораи макони нерӯ, истеъдодҳо ва оянда. Чаро “Азия-Плюс” дар Тоҷикистон ҳамчун расонаи №1 боқӣ мемонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 январи соли 2025
Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз Додгоҳи олӣ ва Додситонии кул бозбинии парвандаи Аҳмади Иброҳимро хостааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 январи соли 2025
“Ёддошт” ба вазири нави меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон
Идомаи тағйироти кадрӣ. Таъини додситони ҳарбӣ ва ивази муовини Озода Раҳмон
Билохира нахустин парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Панҷакент анҷом ёфт
Аз гӯйишҳои зебои форсӣ то лағви раводиду рушди гардишгарӣ. Ёддошти як вазири баландпояи Эрон аз сафараш ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста