Хуҷанд. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони хоҷагии оби вилояти Суғд барои ҳалли мушкилоти норасоии об ба таъмири ҳамаҷонибаи гидрантҳо шурӯъ карданд.
Муовини сардори раёсати хоҷагии оби вилоят Ҳалим Хоҷаев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки тибқи барномаи давлатии истифодаи захираҳои об соли равон дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Конибодом ва Мастчоҳ беш аз 40 чоҳи обӣ аз таъмир бароварда шуданд ва ҳамчунин таъмири боз 75 чоҳ дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров ба нақша гирифта шудааст.
«Ҳаҷми корҳои таъмир аз ҳолати чоҳ ва воситаҳои таъмини фаъолияти он вобаста аст, - гуфт ӯ. - Таҷҳизоти фарсудаи электрикӣ ва трансформаторҳо иваз ё таъмир карда мешаванд ва ин имкон фароҳам месозад, ки мушкилоти норасоии об бартараф гардад».
Мавсуф зикр кард, ки ба ҷуз барқарорсозии фаъолияти чоҳҳо, ҳамчунин каналҳои асосии обёрикунӣ, ки заминҳои кишти вилоятро бо об таъмин месозанд, низ тоза карда мешаванд.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста