Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ба наздикӣ раиси Ҳизби Сосиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров ба шаҳри Хоруғ ташриф овард.
Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ изҳор дошт, ки дар шаҳри Хоруғ 16-уми август баргузории конфронси навбатии ҳизб дар назар аст.
Иштирокдорони конфронс як қатор масъалаҳои муҳими ҳизбиро муҳокима карданианд. «Дар назар аст, ки қабл аз ҳама, масъалаи интихоби роҳбари нави шӯъбаи вилоятии ҳизб ва комиссияи тафтишотии он баррасӣ мешавад, - гуфт мавсуф. - Ҳамчунин ҲСДТ стратегияи иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъро дар Бадахшон таҳия месозад».
Р.Зойиров зикр кард, ки то баргузории конфронс пагоҳ, 15-уми август
Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Маркази маориф ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар мавзӯи «Стратегияи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаи дорои мушкилоти зиёд» мизи мудаввар доир месозанд, ки он ҷо ӯ чун мураббӣ фаъолият хоҳад кард.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста