Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (АП СПАД) Гурҷистонро барои қатли оми мардуми осетин маҳкум кард ва изҳор дошт, ки амалиёти низомии Тифлис дар Осетияи Ҷанубӣ имкони гуфтушуниди сиёсии мусолиҳатомезро миёни тарафҳои даргир аз байн бурд.
«Бо баҳонаи барқарории тамомияти арзии кишвар Гурҷистон ба қатли оми мардуми осетин даст зад ва ин амал ба зуҳури фоҷеаи гуманитарӣ боис гардида, эҳтимолияти ҳалли мусолиматомези қазияро ғайрримкон сохт», - гуфта мешавад дар изҳороти АП СПАД.
Аъзои шӯро бар ин назаранд, ки воридшавии артиши Русия «чораи таъҷилӣ» буда, ба хотири амнияти аҳолии осоишта ва гурӯҳи низомии посдорони сулҳ сурат гирифт.
«Ахиран рафтори мақомоти раҳбарии Гурҷистон ба мавқеи аксари кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мухолиф меомад», - зикр шудааст дар изҳорот.
Намояндагони парлумони кишварҳои узви СПАД аз мақомоти раҳбарии Гурҷистон даъват ба амал оварданд, ки аз баргузории ҳама гуна амалиёти низомӣ дар Осетияи Ҷанубӣ даст кашад.
СПАД соли 1992 таъсис ёфта, ба ҳайати он давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.
Қобили зикр аст, ки изҳороти ин созмон танҳо пас аз панҷ рӯзи даргириҳо дар Осетияи Ҷанубӣ баён гардид.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста