Кӯлоб. 15-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - 28 нафар кормандони Раёсати стандартикунонӣ, сертификатсия, метрология ва назорати савдои «Тоҷикгосстандарт» дар минтақаи Кӯлоб ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.
Сардори раёсат Рустам Неъматов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо ҷорӣ гардидани мораторияи манъи санҷиши субъектҳои хоҷагидории соҳибкории хурду миёна онҳо маҷбур шудаанд, ба чунин кор даст зананд.
Мусоҳиб зикр кард, ки «мувофиқи иттилои расонаҳои хабарӣ, иқдоми мазкур аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ хуш пазируфта шуда, имконият фароҳам месозад, ки ба иқтисоди кишвар сармояҳои бештаре ҷалб карда шаванд», аммо барои кормандони «Тоҷикгосстандарт» ин иқдом мушкилоти бекорӣ ва ҳолати номуайяниро пеш овард.
Р.Неъматов чунин изҳори ақида намуд, ки ба дурустии фармони сарвари давлат ҳеҷ шубҳае надорад, вале татбиқи он то охир мавриди таҳлил қарор нагирифтааст, зеро садҳо нафар мутахассисон дар ҷумҳурӣ бекор мемонанд.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста