Кӯлоб. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Кӯлоб аз оғози сол тавассути роҳи оҳан беш аз 1 тонна бор ба хориҷ бароварда шудааст. Сардори истгоҳи қатора Комил Ҳалимов ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ҳарчанд ин иншондиҳанда нисбат ба нақшаи пешбинишуда ду баробар зиёд бошад ҳам, «он қадр хурсандибахш нест».
«Ба ҳисоби миёна ҳамарӯза 4 тонна бор ба хориҷ бароварда мешавад», - гуфт ӯ ва афзуд, ки асосан бо ин кор муассисаи «Кӯлобтекстайлз» машғул аст.
Мавсуф зикр кард, ки ворид сохтани бор ба андозаи 60 фоиз иҷро гардида, дар ин давра ба ҷои 21,5 тонна қариб 35 ҳазор тонна бор ворид карда шуд, ки асосан аз орд, маводи сӯзишворӣ ва ангишт иборат аст.
Қ.Ҳалимов қайд кард, ки бо пайдо шудани имкони бо шиносномаҳои дохилӣ тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишыар сафар намудан, шумораи мусофирони қатораи хатсайри «Кӯлоб-Маскав» коҳиш ёфтааст. «Дар 7 моҳи соли 2008 ҳамагӣ 3 ҳазор нафар бо ин қатора ба хориҷи кишвар рафтанд ва ин дар ҳолест, ки ин рақам дар ҳамин давраи соли гузашта ба 8 ҳазор нафар баробар буд», - гуфт мусоҳиб дар анҷом.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста