Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Росселхозбанк» дар Тоҷикистон намояндагии худро ифтитоҳ карданист.

Оҷонсии иттилооти «ПРАЙМ-ТАСС» хабар медиҳад, ки дар шӯрои назоратии бонк чунин тасмим гирифта шудааст. Ҳаҷми умумии сандуқи қарзии ҶСК «Росселхозбанк» беш аз 360 млрд. рубл аст. Сармояи бонк 8 фоиз афзуда, 51,9 млрд. рублро ташкил медиҳад.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи октябри соли 2007 «Банк ВТБ» ба онҳо дар бораи кушодани намояндагӣ дар Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Ҳамчунин бонкҳои Покистон, Чин, Қазоқистон, Олмон ва афроди ҷудогонаи Швейтсария низ ҷиҳати ифтитоҳи воҳидҳои сохторӣ дар Тоҷикистон аз бонк дархост кардаанд.

Соли 2008 БМТ барои фаъолият дар Тоҷикистон ба ҶСК «Казкоммертсбанк» ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Фононбанк» иҷозатнома додааст.