Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба баргузории конфронси ҳисоботиву интихоботии ҲСДТ монеъа эҷод карданд. Мавсуф изҳор дошт, ки барои аввалин бор ҳизб тасмим гирифт, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чорабинӣ доир созад ва роҳбари бахши вилоятии ҳизб Алим Шерзамонов ҳанӯз ахири моҳи июл ба ҳокимияти маҳаллӣ муроҷиат карда буд, ки бо ин мақсад толори баргузории конфронсҳои мақомоти шаҳрдориро ба ихтиёри онҳо диҳанд.

«Дар оғоз муовини раиси вилоят Муҳаббатшо Рӯзадоров розӣ шуд, ки ба ин кор мусоидат хоҳад кард, аммо баъдтар ҳамеша «пагоҳ ҳал мекунем» гӯён аз мо худро дур мегирифт ва рӯзи охир бошад, тамоман аз баргузории конфронс даст кашид», - гуфт Р.Зойиров. Ҳамроҳи Р.Зойиров ҳамчунин се нафар аъзои Шӯрои сиёсии ҲСДТ низ ба шаҳри Хоруғ омада буданд.

Ба қавли ӯ, қарор шудааст, ки конфронс дар дигар ҷо гузаронида шавад, вале «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва бахусус кормандони кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ фаъолона фазои номақбулро барои баргузории конфронс ба вуҷуд меоварданд».

«Бо вуҷуди ин конфронс муваффақона доир гашт, танҳо дар толори дигар ва ду соат дертар аз вақти муқарраргардида», - баён дошт раиси ҳизб.

Алим Шерзамонов бори дигар раиси бахши вилоятии ҲСДТ интихоб гардид. Дар конфронс ҳадаф ва вазифаҳои ҳизб дар солҳои наздик дар вилоят ва дурнамои стратегияи ширкати ҲСДТ дар интихоботи ояндаи порлумонии соли 2010 низ баррас ӣ шуд.