Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта ҳайати рӯзноманигорони Эрон вориди Душанбе шуданд. Ба зудӣ дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо ҳамтоҳои тоҷикистонӣ мулоқот доир гардид.
Гурӯҳи 25 нафараи рӯзноманигорон бо ташаббуси вазорати энергетикаи Эрон
барои инъикос ва таҳияи хабар аз раванди корҳои умронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон озими ин кишвар шуданд.
Ба гуфтаи сухангӯи Сафорати Эрон дар Тоҷикистон Алиризо Ороста, сатҳи огоҳии рӯзноманигорони Эрон оид ба Тоҷикистон нокофӣ аст. «Рӯзноманигорони тоҷик на танҳо мунтазам аз муносиботи дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон гузоришҳо омода месозанд, балки нуқтаи назари онҳо нисбат ба Эрон бо ақидаи мо як ҳамбастагие дорад», - таъкид сохт А.Ороста. Мавсуф инчунин изҳор дошт, ки қариб ҳамаи сокинони Тоҷикистон аз ифтитоҳи шабакаи телевизионии форсизабонон огаҳанд, вале зимни мулоқот дар Иттифоқи журналистон маълум гашт, ки чанде аз рӯзноманигорони эронӣ аз он огаҳии хуб надоранд.
Зимни сӯхбат рӯзноманигорони эронӣ ба масоили вазъи васоити ахбори умум ва ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дирӯз меҳмонон аз нақби «Истиқлол» боздид карда, имрӯз ҷиҳати шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» озими ин мавзеъ хоҳанд шуд.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста