Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев даҳ нафар донишҷӯёни тоҷики факултаи энергетикаи Донишкадаи политехники шаҳри Харков ва Донишгоҳи миллии Украинаро ба ҳузур пазируфт.
Сухангӯи ширкат Нозир Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки раиси ширкат ба донишҷӯён хониши аълову комёбиҳо орзу намуда, таъкид сохтааст, ки «ояндаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба шумо вобаста аст».
Зикр гардид, ки ин гурӯҳи дуввум аст, ки ширкат барои таҳсил ба макотиби олии Украина равона месозад. Айни замон дар ин кишвар 11 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон дар курси дуввум мехонанд. Ба иттилои манбаъ, тамоми хароҷоти таҳсил ва арзиши роҳкиро барои як бор дар як сол аз ҷониби ширкат пардохта мешавад.
«Дар Донишкадаи политехникии Харков таҳсил намудани донишҷӯёни тоҷик бесабаб нест, зеро маҳз дар корхонаҳои ин шаҳр бо фармоиши ширкат чархаҳои кории нерӯгоҳи «Норак» тайёр карда мешаванд», - гуфт Н.Ёдгорӣ ва афзуд, ки ширкат таҳсили 490 нафар донишҷӯёнро дар дохил ва хориҷи кишвар бо маблағ таъмин мекунад.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста