Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар вилояти Суғд раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров бо доишҷӯёни маотиби олии кишвар мулоқот орост.
Имрӯз дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳизб изҳор дошт, ки ӯ бо даъвати Дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба шаҳри Қайроққум омада, бо 150 нафар донишҷӯёне, ки дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои САҲА дар он ҷо истироҳат мекунанд, мулоқот кардааст.
Мавсуф мегӯяд, ки ба ҷавонон воқеияти имрӯзаи вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро мухтасар шарҳ додааст. Сипас мубоҳисаҳо сурат гирифта, донишҷӯён ба масоили сиёсати дохиливу хориҷии кишвар ва вазъи роҳандозии сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мароқ зоҳир сохтаанд.
Р.Зойиров зикр кард, ки имрӯз Дафтари ҳамкории Швейтсария ва Маркази маориф ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар мавзӯи «Стратегияи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақаи дорои мушкилоти зиёд» мизи мудаввар доир месозанд, ки он ҷо ӯ чун мураббӣ фаъолият хоҳад кард.
Пагоҳ баргузории конфронси навбатии вилоятии ҳизб дар назар аст, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳими ҳизбӣ муҳокима карда мешаванд. «Дар назар аст, ки ҲСДТ стратегияи иштирок дар интихоботи қарибулвуқӯъро дар вилояти Суғд таҳия месозад», - гуфт раиси ҳизб.
Дар таърихи 21-уми август сафари Р.Зойиров ба ноҳияи Конибодом ва 22-уми август ба Истаравшан ба нақша гирифта шудааст. Дар ноҳияҳои номбурда конфронси ноҳиявии ҳизб доир мегардад.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста