Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дирӯз дар шаҳри Маскав доир гашт, Эъломияи Маскав қабул карда шуд.
Дафтари матбуоти президенти Русия иттилоъ медиҳад, ки дар Эъломия ба рӯйдоди Қафқоз ва дигар масоили умдаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи ягонаи кишваҳои узв баён шудааст. Дар Эъломия мавқеи СААД перомуни масоили амнияти глобалӣ, вазъи қазияи Эрон, Ироқ ва нимҷазираи Корея ифода гардидааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин Нақшаи амалиёти муштараки кишварҳои узви СААД оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ барои солҳои 2008-2012 ва Барномаи фаъолияти муштарак бобати ташкили низоми амнияти иттилоотии кишварҳои узви созмон тасдиқ карда шуданд.
Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ҳамчунин «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани фаъолият зидди қочоқи маводи мухаддир дар доираи СААД» қарори дахлдор ба тасвиб расонид.
Илова бар ин, дар ҷаласаи шӯро масъалаи ҷараёни иҷрои Нақшаи бунёди эътилофи низомӣ низ муҳокима гардида, ба қарори Шӯрои СААД аз соли 2001 дар бораи таъсиси гурӯҳи низомии фаврии зудамали созмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ислоҳот ворид гардид. Иштирокдорони ҷаласаи шӯро Муқаррароти таҳия, молиягузорӣ ва амалисозии барномаҳои ҳадафноки байнидавлатии СААД-ро маъқул шумориданд.
Дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД сарварони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста