Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз бо даъвати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз Чин ба шаҳри Душанбе кӯдакони хизматчиёни низомии артиши вилояти Сичуани Чин, ки моҳи майи соли равон бар асари заминҷунбӣ зарар дидаанд, ба Душанбе омаданд.

            Сардори дафтари матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кӯдакон дар меҳмонхонаи «Пойтахт» зиндагӣ карда, зимни сафар аз тамоми ҷойҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон боздид хоҳанд кард. «Мо мекӯшем, ки ин сафари онҳо ба Тоҷикистон як умр дар нақши хотирашон боқӣ монад», - гуфт Ф.Маҳмадалиев.

            Ба қавли Ф.Маҳмадалиев, меҳмонони хурдсолро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим хоҳад кард. Тамоми хароҷоти сафар, будубош ва истироҳату фароғати кӯдакони Чинро вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ӯҳдаи худ гирифтааст.