Дар Покистон пас аз эълони нати ҷ аҳои расмии интихоботи президент ӣ та ҷ лили пир ӯ зии Осаф Ал ӣ Зардор ӣ , шавҳари сарвазири мақтули Покистон, Беназир Бҳутто идома дорад.

Аз 702 узви порлумони Покистон ва ма ҷ лисҳои маҳалл ӣ дар интихоботи р ӯ зи шанбе, 481 нафар аз Зардор ӣ пуштибон ӣ карданд. Дар аввалин суханаш Зардор ӣ гуфт, ба гиромидошти хотираи ҳамсараш Беназир Бҳутто мардумсолориро дар Покистон эҳё хоҳад кард.Осаф Ал ӣ Зардор ӣ , ки пас аз ҳалокати ҳамсараш, сарвазири собиқ Беназир Бҳутто дар моҳи декабри соли 2007 ҳамраисии ҳизби Бҳутто, Ҳизби мардуми Покистонро бар д ӯ ш гирифт, тавонист, як эътилофи густардаи мухолифони Парвиз Мушаррафро ба ву ҷ уд орад ва ӯ ро зери хатари эълони нобовар ӣ ба истеъфо фиристад.

Мушарраф, 18-уми август зери фишори шадиди ҳукумат ва порлумон пеш аз маъракаи раъйдиҳ ӣ ба истеъфо рафт. Аммо муносибат ба Зардор ӣ дар Покистон яксон нест. Вай 11 солро дар маҳбас ба сар бурдааст, бо айбномаҳои фасоду ришват то тарҳрезии қатли инсон.

Худи Зардор ӣ ин с ӯ ҳбатҳоро рад мекунад ва бофтаи душманони сиёсии хеш мехонад. Пеш аз интихобот вай мегуфт, заъфҳои низомро мешиносад ва дар сурати пир ӯ з ӣ ба тағйири кулли он даст хоҳад зад.

Зардор ӣ ҳамчунин як сиёсатмадори ғарбгаро шумурда мешавад ва аз Вошингтон дар ҷ анги зидди терроризм пуштибон ӣ мекунад. Вай на дар интихоботи умум ӣ , балки бо райъдиҳ ӣ дар ду палатаи порлумони кишвар ва ма ҷ лисҳои музофотии вилоятҳои Синд, Пан ҷ об, Балуҷистон ва Вилояти Шимолу Ғарби Марз ӣ раиси ҷ умҳур баргузида шудааст.