Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар самти Шӯроободи сарҳади Афғонистону Тоҷикистон (250 километри ҷанубии Душанбе) бар асари задухӯрди мусаллаҳона ду марзбони
тоҷик ба ҳалокат расиданд.
«Шабона гурӯҳи масъули мудофиаи сарҳад бо марзшиканони афғон дучор гашта, задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ мепайвандад ва дар натиҷа лейтенант Ибодулло Исҳоқов ва сарбози қаторӣ Наврӯзмалик Каримов кушта мешаванд», - изҳор дошт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, задухӯрд зиёда аз ду соат идома ёфта, марзшиканонро аз қаламрави Афғонистон низ бо оташфишонӣ дастгирӣ намудаанд. «Ба марзшиканони афғон муяссар гашт, ки дар қаламрави Афғонистон худро паноҳ гиранд», - афзуд сарчашма.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста