Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Ба санаи 1 сентябри соли 2008 сандуқи қарзии Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Ориёнбонк» 611 082 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Сохтори соҳавии қарзгузорӣ дар сохтори бонк ба таври зайл ташкил карда шудааст:

Бо асъори миллӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 79,58%; корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 15,24%; корхонаҳои давлатӣ – 1,35% ва шахсони воқеӣ – 3, 83%.

Бо асъори хориҷӣ: корхонаҳои тиҷоратии шахсӣ – 51,72%; корхонаҳои хоҷагии қишлоқ – 19,83%; корхонаҳои давлатӣ – 28,24% ва шахсони воқеӣ – 0,21%. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонки мазкур хабар доданд.

Маълумотнома: Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” яке аз бонкҳои кӯҳнатарини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳанӯз моҳи апрели соли 1925 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Душанбе шӯъбаи Бонки тиҷоратии осиёимиёнагӣ ба фаъолият шурӯъ намуда буд. Моҳи сентябри худи ҳамон сол дар заминаи он Идораи ҷумҳуриявии Промбанк кушода шуд. Моҳи апрели соли 1991 Тоҷикпромстройбонк ба ташкилоти саҳҳомӣ табдил ёфтан гирифт ва 29 декабри соли 1991 вай ба Бонки саҳҳомӣ – тиҷоратии саноату сохтмони Тоҷикистон “Ориенбонк” мубаддал гардид, ки аз ҷониби Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, дорои иҷозатномаи махсуси (литсензияи) № 1 гашт. 5 апрели соли 2002 БСТССТ “Ориенбонк” ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Ориёнбонк” табдил дода шуд.