Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон тавофуқ ҳосил карданд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сармуҳандиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Рашид Гулов хабар дод.
Ба қавли ӯ, интиқоли барқи Туркманистон ба Тоҷикистон пас аз таъмири хатти баландшиддати интиқоли барқ дар Ӯзбекаитон имконпазир мегардад.
«Дар фасли тобистон Тоҷикистон қарзи худро аз истифодаи барқ ба Ӯзбекситон тавассути маҳз ҳамин хат интиқол дода буд ва феълан дар он ҷо корҳои таъмир босуръат идома доранд ва шояд ахири ҳамин моҳ интиқоли барқ ба Тоҷикистон шурӯъ гардад», - гуфт Р.Гулов.
Қобили зикр аст, ки дар давраи тирамоҳу зимистон ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар 1,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ, аз ҷумла
1, 2 млрд. кВт/соати он аз Туркманистон интиқол дода мешавад.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста