Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи навбатии назоратии мақомоти шаҳрдории пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аз кори муовини худ Абдуҳомид Шералиев ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» Асомиддин Ризоев изҳори норозигӣ намуд.
Сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки М.Убайдуллоев барои муовинаш ва раиси корхона ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва таъмини кофии бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти ғизоӣ то 15-уми ноябр мӯҳлат муайян кард.
Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи шахсони масъули Сарраёсати ободонии шаҳри Душанбе шунида шуд. Масъулони сарраёсат ба ҳозирин дар бораи таҳияи нақшаи махсус оид ба ободонии пойтахт дар давраи солҳои 2008-2010 маълумот доданд.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста