Кӯлоб. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - «Агроинвестбонк» барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар заминҳои обӣ ба 35 хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Фархори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба маблағи 260 ҳазор доллари амрикоӣ қарз додааст.
Роҳбари шӯъбаи асосии «Агроинвестбонк» дар Кӯлоб Сайфиддин Қадамов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки маблағҳои сармоягузорӣ ба ин лоиҳаи таҷрибавӣ аз Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ворид мешаванд. «Моҳияти татбиқи лоиҳа бо номи шартии «Молиягузории агрофирмаҳои Тоҷикистон» (
TAFF
) аз ҳавасмандгардонии кишоварзон ба истеҳсоли ҳарчӣ бештари маҳсулоти хушсифат дар заминҳои обӣ ва ҳамасола беҳбуд сохтани самаранокии низоми обёрии заминҳо иборат аст», - гуфт ӯ ва афзуд, ки дар марҳилаи аввал корҳои асосӣ дар ноҳияи Кӯлоб амалӣ гаштаанд, ки дар он ҷо аллакай ба 31 хоҷагии деҳқонӣ қарз дода шудааст.
Мавсуф зикр кард, ки дар ноҳияи Восеъ 3 қарз ва дар ноҳияи Фархор 1 қарз дода шуда, ояндаи наздик қарздиҳӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ шурӯъ мешавад. «Дар ноҳияҳои мазкур корҳои тадорукотӣ ва омода сохтани мутахассисон қариб пурра ба анҷом расиданд», - гуфт дар анҷом С.Қадамов.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста