Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе корҳои таъмир босуръат идома доранд ва нимаи моҳи октябр ба анҷом мерасанд. Дар ин бора сармуҳандиси марказ Раҳматулло Қаландаров хабар дода, илова намуд, ки барои аз таъмир баровардани марказ ширкати «Барқи тоҷик»   беш аз 3 млн. 200 ҳазор сомонӣ маблағ ихтисос додааст.

«Шояд дар даҳаи аввали моҳи декабр марказ ба истеҳсоли барқу гармӣ шурӯъ намояд», - изҳор дошт манбаъ. Сармуҳандиси марказ таъкид сохт, ки соли равон марказ танҳо бо сӯзишвории мазут фаъолият хоҳад кард, зеро нархи маводи сӯзишвонрии дигар - газ хеле гарон аст.

Ба гуфтаи сармуҳандис, пас аз анҷоми корҳои таъмир, марказ қодир хоҳад гашт, ки дар як соат 180 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ ва 270 гигакалорий гармӣ истеҳсол кунад.

Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки дар марказ беш аз 10 тонна мазут захира карда шуда, рӯзҳои наздик аз Эрону Туркманистон боз 60 вагони дигар аз ин сӯзишворӣ оварда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар марказ корҳои таъмирӣ дар чунин ҳаҷм муддати чаҳор сол бори   нахуст гузаронида мешаванд.