Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аз Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки то охири сол афзоиши қимати истифодаи барқ пешбинӣ нашудааст.
«Иттилоъи пахшнамудаи як қатор васоити ахбори омма дар мавриди аз 1-уми октябр зиёд шудани қимати истифодаи барқ барои тамоми гурӯҳҳои истеъмолкунандагон асоси воқеӣ надорад», - изҳор дошт манбаъ.
Тибқи иттилоъи баъзе расонаҳои хабарӣ бо истинод ба намояндаи ширкати «Барқи тоҷик», гӯё аз ин ба баъд қимати як кВт/соъат нерӯи барқ барои аҳолӣ 6 дирам, барои корхонаҳои саноатӣ 15,14 дирам, барои ширкати алюминии Тоҷикистон 9,25 дирам ва барои муассисаҳои давлатӣ 20 дирам муқаррар шуда бошад.
Ба гуфтаи намояндаи вазорат, мувофиқи қарори ҳукумат афзоиши қимати барқ дар тӯли як сол 2 маротиба муқаррар шудааст
ва соли ҷорӣ он аллакай ду маротиба - моҳи январ ва май афзоиш ёфтааст. Айни замон аҳолӣ барои истифодаи 1 кВт/соат нерӯи барқ 4,8 дирам маблағ пардохт мекунад.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста