Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон сардори Раёсати чорводорӣ, моҳипарварӣ, паррандапарварӣ ва занбӯриасалпарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Музаффар Мирзоев изҳор дошт, ки соли ҷорӣ саршумори парранда дар ҳамаи субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 3 млн. 423 ҳазор саррро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 895 ҳазор сар бештар аст.
Ӯ зикр кард, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 86 млн. 303 ҳазор дона тухм истеҳсол шудааст, ки дар қиёс бо соли гузашта 18,6 млн. дона зиёдтар аст.
Ба қавли ӯ, дар ҷумҳурӣ 16 корхонаи паррандапаварӣ бо саршумори 875 ҳазору 143 сар парранда амал мекунад ва соли равон дар онҳо 43,8 млн. дона тухми истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 20 млн. дона бештар мебошад.
М.Мирзоев ҳамзамон иброз дошт, ки соли равон ташкил кардани боз 5 корхонаи паррандапарварӣ дар ноҳияҳои Ваҳдат, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯлоб, Шаҳритӯс ва Файзобод дар назар аст.
РМА-и электронӣ чист ва чӣ тавр метавон онро ба даст овард?
Дар Украина “Осори мунтахаб”-и Садриддин Айнӣ бо забони украинӣ нашр шуд
То соли 2050 Осиёи Марказӣ метавонад сеяки пиряхҳои худро аз даст диҳад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Даббоғ ва бӯйи атр”
Тоҷиддин Мардонӣ, шарқшиноси тоҷик ва сафири пешини Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Туркманистон аз олам даргузашт
Иқтисодчиён мушкили асосии татбиқи Стратегияи миллии рушдро номбар карданд
“Агар мактаб мебуд...” Баъди марги Таронаи 9-сола дар Бӯстон мактаб сохта мешавад?
Дар Кувайт рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор шуд
Савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон рӯ ба беҳбудӣ меорад
Аввалин мурофиаи додгоҳии чеҳраҳои шинохта поён ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста