Душанбе. 27-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни мулоқот дар шаҳри Остона намояндагони ширкатҳои энергетикии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи ташкил кардани модели минтақавии интиқоли барқро, ки Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) оид ба рушди байнулмилалӣ (
USAID
) таҳия сохтааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мулоқот бо ташаббуси лоиҳаи агентӣ оид ба ташкили модели минтақавии шабакаҳои интиқоли барқ (CARTRANS), ки аз ҷониби Асссосиатсияи энергетикии ИМА амалӣ мешавад, баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, ташкили модели минтақавии компютерии шабакаҳои интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба кишварҳои минтақа имкон хоҳад дод, ки танзими истифодаи нерӯи барқ дар байни кишварҳо ва талафоти онро самаранок ба роҳ монанд.
USAID
ба сифати иқдоми нахустин ба ширкатҳои энергетикии кишварҳо таъминоти барномавии махсуси компютерӣ тақдим карда, ҷиҳати таҳияи модели миллии низоми интиқоли барқ кӯмак намуд.
Зикр гардид, ки барномаи мазкур дар ҳамоҳангӣ бо ширкатҳои Афғонистону Туркманистон рӯйи кор омадааст. «Моделҳои миллии низоми интиқоли барқи кишварҳо
минбаъд ба модели минтақавӣ муттаҳид гашта, имкону шароит фароҳам месозанд, ки талаботи минтақаи Осиёи Марказӣ ба нерӯи барқ то соли 2013 ба нақша гирифта шавад», - афзуд сарчашма.
Нархи нобудсозии мошин. БДА овозаи аз 10 то 15 ҳазор сомонӣ шудани нобудсозии нақлиётро рад кард
ҲАМОС ҷасади чаҳор гаравгонро ба Исроил супорид
Таваҷҷуҳи фаронсавиҳо ба сохтмони НБО дар дарёи Зарафшон
“Равшан”-и Кӯлоб шарти дастаи Русияро ба 1 млн рубл қабул кард
Додгоҳи олӣ: Ҳамаи маҳкумшудагони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” аз ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
Лавров: “Шартномаи душаҳрвандӣ ба манфиатҳои Тоҷикистону Русия ҷавобгӯ аст”
Ҷодугарӣ ва фолбинӣ. Вазир гуфт, беш аз 1100 нафар боздошт шуданд
Муҳлати боздошти муттаҳамони ҳамла ба “Крокус” барои як моҳи дигар дароз карда шуд
Сокинони Тоҷикистон дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Сергей Лавров гуфт, зидди реҷаи раводид барои муҳоҷирони корӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста